Бӯқаламунҳои ранго ранг
Сиёсати давлат ду намуд дорад: дохилӣ ва хориҷӣ, ду майдон дорад: ҳукуматӣ ва мухолифӣ, ду ранг дорад: сафеду сиёҳ ва дар он як сарвар ва як сардор дорад.
Сарвари ҳақиқӣ мардумро ба сўйи роҳи рост ҳидоят менамояд, сардори дуввуми бо иқдоми курсӣ, ки дорои ранги сиёҳ ба ҷоҳи таназзул. Наҳзатчиёни собиқ ва ҳозира ба майдони сиёсат ҳамчун мухолиф омаданд (ва майдонро ба ду тақсим намуданд), баъд ранги сиёҳ (сиёҳпўст не) дар хориҷ паноҳ ёфтанд, бо ранги хеш ба сиёсат баргаштанд, пас бо хиёнат ба беруни кишвар рафтанд, амсоли буқаламун бо ранги дигар гирифтан бо ҷои ТЭТ ҲНИ ҷомеаи ПМТ-ро пўшида, бо ҳадафҳои маълун дар саҳроҳои Ғарб орзуи сардобаи сароб гаштанд. Метавон гуфт, утопистони фарансавӣ дар асри ХVIII оид сохтори ҷомеа ва давлат орзуи хаёли нек доштанд, утопистони тоҷикии қарни ХХ-ХХI дар симои Аҳриман ва ҳатто шайтоини лаъин зоҳир гардида, дар идрок ва тасаввуроти мардум тимсоли Иблисро пайдо карданд.
Наҳазатичиён хоин ба мисоли Ҳоҷӣ Ҳалим, Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон сазовори нафрати мардум мебошанд, ки гўё даъвои он нафарон «тоза вориди арсаи сиёсат» , не балки расвои сиёсат гардидаанд. пешниҳодҳои муғризонаи онҳо нисбати короновирус бори дигар исботи гуфтаҳост.
Прокуратураи генералии мамлакат имрўз хаммаслакони наҳзатиёнро ба мисоли «Ихвони-ул –муслим», «Салафия» ва “ДИИШ”-ро ба ҷазои қонунӣ кашида истоданд. Ин ҳақиқатро бояд эътироф карданд лозим аст.
Сарвари давлат эҳёгарии давлатдории ва фарҳанги тамаддунсози халқи бузурги тоҷик Наврўзи байналмилаиро бо шукўҳ ҷашн гирифтанд ва шодию хураммию халқи худ ҳамроҳ шуданд, боиси ифтихор аст. Бешубҳа, ҷавонон, фарзандони Истиқлолият ба Пешвои худ эҳтироми баланд доранд, рўзҳои Ид бо бори дигар аён гашт. Рўзҳои сангин короновируси наҳзатчиён ба сулҳу субот барҳам доданд, хунрезиҳои беамони фашистӣ содир намуданд, халқ имконияти рўзи амонӣ, фаровонӣ надоштанд, ки имрўз ба зиндагии шоиста расида, товонистанд, ки Идҳои миллии худро гузорананд.
Наҳзатиён бо орзуи ҳамин рўзҳои сиёҳ бо ранги худ, расидани сардобаи сароб мебошанд, ки дар саҳро ва ҷазираи паноҳ ёфтаишон бедор шаванд. Паноҳошон ба худо, ки шайтони лаъин низ дар даргоҳи васъеи Худованди меҳрубон ҷой гирифтааст, вале сазовори ҷазои дўзахӣ мебошад, фаромўш набояд кард.
Раҳимова Н. – сармуаллимаи
кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ДДҲБСТ