Ислоҳ.нет аз Кабирӣ пуштибонӣ мекунад!

Мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздошт намудан ва ба Тоҷикистон овардани сарвари  ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ба созмонҳои байналхалқӣ муроҷиат кардааст. Сухангӯи ҳизби наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳимояи Кабирӣ сухан гуфта онро беасос медонад.

Тавре маълум аст М.Кабирӣ дар кори тайёр намудан ва оғози амалиёти хиёнаткоронаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода барои ба амал баровардани табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон сентябри 2015 бевосита иштирок намуда тавсияҳо дода буд. Аммо ин ҷиноят бо шикаст анҷом ёфт ва М.Кабирӣ бо ҳамроҳии ҳаммаслакони худро имрӯз дар хориҷа паноҳ ёфтанд. Дар натиҷаи чунин амалиёт даҳҳо нафар қурбон гардиданд. Дар ҷомеаи демократӣ қонун аз ҳама боло меистад. ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии  М.Кабирӣ  инро хуб медонад. Аммо ин ҳизби  паймоншикан кӯшиш менамояд, ки худро сафед намуда аз об хушк барояд.

Бинобарин М.Садриддин барои ҳимояи М.Кабирӣ кӯшиш кардааст. Албатта М.Садриддин аз киссаи М.Кабирӣ нон мехӯрад барои ӯро ҳимоя кардан вазифадор аст.

Бояд Кабирӣ ба кӯшиши барои ба амал баровардани табадуллоти давлатии соли 2015 дар назди қонун ҷавоб диҳад. Созмонҳои байналхалқӣ дар кори дастгир намуда ба Тоҷикистон супоридани М.Кабирӣ бояд кӯмаки худро расонанд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like