Изҳороти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ нисбати эътирози паймоншиканон

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҳизби назҳати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда ба мардум хушдор дода истодаанд, ки ба доми фиреби ин хоинони миллат наафтанд. Агар ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ назар афканем мушоҳида мешавад, ки ҳар касе шомили ин ташкилоти ифротгаро шуд, тақдири ояндаашро барбод дод.

Хабаре охире, ки ин ташкилоти ифротгаро дар саҳифаҳои интернетӣ паҳш карданд, бобати гузаронидани тазоҳурот  дар назди сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон дар шаҳрҳои Аврупо гӯё мақсаде ин гирдиҳамои дифо аз ҳуқуқи маҳбусони сиёсии Тоҷикистон аст, бори дигар чеҳраи аслии онҳоро нишон дод, ки пуштибони аслии ҷиноятҳои террористӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ – экстремистӣ Ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатфканию террорист тайёркунӣ табдил ёфта аъзову пайравони он хатто оддитарин меҳру шавқат ва арзишҳои инсониро поймол карда бо истифода аз номи дини мубини Ислом бар зидди миллат ва давлат ҷанг эълон карданд. Ин ноҳалафон боиси барангеҳтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда. мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.

Мо ҳамчун ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеа ва шаҳрванди Тоҷикистон ба он ифротгароҳо мубориза мебарем,  ки онҳо ҳеҷ вақт мақсадҳои нопоки ҳудро амалӣ карда наметавонанд.

Имрӯз шаҳрвандони кишвари мо дар фазои сулҳу субот ва озодӣ зиндагӣ мекунанд, ва мардуми шарифи тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор мегузорад. Барои ободонии ва пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ илму фарҳанг талошҳои зиёд варзидаанд, натиҷааш ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон дар тӯли 29 соли истиқлолият гул-гул шукуфт.

Аҳли устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ДДҲБСТ

You might also like