Аъзоёни Паймони миллӣ хоинони давлатанд

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд. Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Лекин дар ҳама давру замон нафароне ба назар мерасанд, ки мехоҳанд бо ҳар гуна амалҳои нопокихуд дар байни ҷомеа низоҳои сиёсиро барангезанд.

Дар хотир бояд дошт ва пайваста халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он, ки дар дохили Тоҷикистон ё ин, ксси берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву, хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита дар асоси кўшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Имрузҳо баъдаз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умуми Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, кишвари моро дар хориҷи мамлакат бисёр давлатҳо расман мешиносанд ва муносибаҳои дустию бародариро ба роҳ мондааст. Имрузҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад, ки тамоми ин кушишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои гул гул шукуфи кишвари азизамон мебошад.

Вобаста ба масъалаи муҳим ва пурпечутоби сиёсӣ-иҷтимоӣ, ки солҳои охир таъсири манфии он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон назаррас аст, бетараф будани шаҳрвандон аз беэътиноии онҳо шаҳодат мадиҳад. Мутаассифона, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣрўз аз рўз зиёдтар ба назар мерасад. Зеро асосан ҷавонон ҳадафи гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор мегиранд. Бинобар ин хонандагони мо бояд мушоҳидакор, дурандеш, хирадманду зирак бошанд. То ба доми бозиҳои сиёсии хоинон кашида нашаванд. Мо бояд дуруст дарк намоем, ки барои ТЭТ ҲНИ ва ПМТ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тамоман муҳим нест. Мақсад бедор кардани нафрату бадбинии мардум нисбат ба Ҳокимияти аст.

Воқеан ҳам таъкид кардан ба маврид аст, ки гурӯҳе бо номи ПМТ мехоҳад дар хориҷи мамлакат истода бо ҳар роҳу усулҳои номатлуб ва бо ҷори кардани хар гуна хабарҳои дурӯғ дар шабакаҳои интернетӣ ба мақсадҳои ғаразонаи худ бирасанд. Аммо тири онҳо шикаст мехурад.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи

назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like