Иштироки ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ дар гусели наваскарон

Аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ барои насли имрӯз маҳсуб меёбанд.
Бо мақсади идома додани кору пайкори қаҳрамонони Ватандӯсту хештаншинос субҳи имрӯз дар назди майдони Парчаму Нишони давлатӣ воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиеви маркази вилоят шаҳри Хуҷанд аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд гуруҳи калони ҷавонони фидоии Ватан бо амри дил ба хизмати Модар Ватан сафарбар гардиданд.
Дар маросими гусели наваскарон дар қатори сокинони касбу кори гуногундошта кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштироки фаъолона намуданд. Донишҷӯён бо шиору овезаҳои ватандӯстона ва парчамҳои миллӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд.
Бо иҷрои анъанаҳои неки гусели наваскарон ва барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида шуда, сарбозон барои адои хизмати модар, ватан раҳсипор гардиданд.

 

You might also like