Онлайн- вохӯрӣ бо донишҷӯён
Дирӯз санаи 02.04.2020 дар маркази омӯзиши Аврупо TACES ДДҲБСТ бо донишҷӯёне, ки барои идома додани таҳсил ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв (Қазоқистон) тибқи барномаи табодули донишҷӯён сафарбар шуда буданд вохӯрии онлайн баргузор гардид.
Дар нимсолаи дуюми соли хониши 2019 – 2020 Абдувахидова Азизахон Бахтиёровна- донишҷӯи курси 2, ихтисоси 1-25.01.08, шӯъбаи рӯзонаи факултети баҳисобгирӣ ва андоз, Азимов Абдуманнон Шухратович, Ҳикматов Насимҷон Наимович, Сиддиқов Шариф Шарафович, Холматов Парвиз Нурмухаммадович- донишҷӯёни курси 2, ихтисоси 1-24.01.02, шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносӣ, ки ба тариқи озмун интихоб гардида буданд, барои идомаи таҳсил ба донишгоҳи мазкур фиристода шуданд.
Дар вохӯрии онлайнӣ кормандони шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва устодону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи вохӯрии мазкур аз наздик шинос намудани донишҷӯён ва устодон бо шароиту имкониятҳои таҳсилот дар хориҷи кишвар тибқи барномаҳои табодули донишҷӯён ва таҳсилоти фосилавӣ дар даври карантинии кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Донишҷӯёни донишгоҳ, ки айни хол таҳсилоти худро дар Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёв, дар “карантин” қарор доранд, таҳсили худро ба тариқи фосилавӣ давом дода истодаанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



