“Зӯри беҳуда миёнро мешиканад”!
Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шукрона аз он доранд, ки дар фазои оромиву осоиштагӣ умр ба сар мебаранду аз неъматҳои истиқлолият баҳрабар ҳастанд. Сокинони ҷумҳурӣ, ки ваҳшоният ва даҳшати ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, дигар ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки он рӯзҳои мудҳиш такроран ояд ва намехоҳанд, ки ин гуна рӯзҳои фоҷиаовар ба сари ба ягон халқи дунё ояд. Халқи бофарҳанг ва сулҳдӯсти тоҷик имрӯз азобу машаққати халқи афғону сурия, ироқу ливияро дида, бо онҳо ҳамдард аст ва ҳамеша дуогӯи он аст, ки ин кишварҳои азиятдида низ ҳарчи бештар ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ расанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромаду паёмҳои худ ба он таъкид менамоянд, ки дастоварди бузургтарини миллати мо ин сулҳ ва ваҳдати миллӣ буда, пойдор ва устувор нигоҳ доштани он рисолати азалии мардуми мо аст. Тамоми бошандагони ҷумҳурӣ ин масъаларо ба таври бояду шояд дарк кардаанд ва сулҳро ҳамчун гавҳари чашм нигоҳ медоранд.
Мутаассифона дар байни мардуми мо шахсони кӯрдил, сиёҳботин ва ҳасуде арзи ҳастӣ доранд, ки бо васвасаҳои шайтонии худ тухми нифоқ мекоранд ва пешравии ҳамарӯзаи давлати моро дида наметавонанд. Ба ном сӯиқасди навбатие, ки ба ҷони раиси анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, қаҳрамони Осиёи Марказӣ дар самти бокс ба амал омад, исботи ин гуфтаҳост. Бехирадону бахилони баҳонаҷӯй, ки номи давлату миллат ва ҳукумати кишварро сиёҳ карданӣ буданд, бо шунидани ин хабар дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуда, аз худ ҳар гуна ахбороту маълумотҳои нав ба навро бофтанд. Бо ин дасисакориҳои худ, ин тоифаи ба ном “ватандӯст” ин амали нангинро ба дӯши намояндагони ҳукумати кунунии давлати мо бор карда, тӯҳмату иғвогариҳои навро оғоз карданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ин сиёсати сулҳҷӯёна ва муросокорӣ аст. Дар ин самт қайд намудан кофӣ аст, ки ҳукумати кишвар садҳо оилаҳои дар Сурия қарордоштаро ба ватани азизу маҳбубашон баргардонид. Илова бар ин бахшида ба ҳар иду айём қонун дар бораи авф ба тасвиб мерасад. Ин худ гувоҳи гуманизм ва одамдӯстию шаҳрвандпарварии ҳукумати мо аст. Вақте, ки ҳукумат бо сарварии Президенгти маҳбуби мо ғами ҳар як шаҳрвандро мехӯрад, оё ин тӯҳмати “ватандӯстон”-и нав магар иғвогарӣ нест?!
Хуб мешуд агар ин шахсон фикру ақидаҳо ва пешгӯиҳои худро пас аз ба анҷом расидани таҳқиқот баён мекарданд. Маълум аст, ки ҳар як ҷиноят дар паси худ садҳо сабабу мақсадҳои нопок дорад. Шояд ин ҷиноят пеш аз ҳама бо фаъолияти варзишии Илҳом Яъқубов вобаста бошад? Шояд ягон сабаби дигар бошад. Чаро ин афрод, ки худ рӯзгори осоишта надоранд, мехоҳанд моро ба гирдоби нооромиҳо гирифтор намоянд?!
Мардуми сулҳҷӯю сулҳпарвари мо ҳеҷ гоҳ ба иғвои ин шахсоне, ки бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд дар байни миллати мо тухми нифоқро коранд, дода намешаванд! Ҳамватанони мо хуб медонанд, ки иғвогарӣ ба мардуми асили ориёӣ хос нест ва тоҷику тоҷикистонӣ дили соф дорад.
Мо, ба ин “иқдом”-и нангину нафратовари ин разилон дода намешавем ва рӯирост гуфтанием, ки беҳуда заҳмат накашанд, чунки “зӯри беҳуда миён мешиканад”!
Лутфуллоев М.Д. – сармуаллими кафедраи
технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ