Разборкаи дохилихонаводагӣ ба обрӯи набудаи Илҳоми боксёр латмае зад!
Рўзҳои охир дар сомонаи интернетии “Ислоҳ.нет” изҳорот ва навиштаҳое аз ҷониби «узвҳо»-и Паймони миллии Тоҷикистон мунташир мегарданд, ки дар онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба он айбдор менамоянд, ки гуё Илҳом Ёқубов, узви аршади ин созмон ва раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупоро ниҳодҳои амниятии ҷумҳурии мо мавриди суиқасд қарор дода бошанд, ки ин фасонае беш нест. Чаро?
Якум: Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дар миқёси байналмилалӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад ҳеҷ гоҳ ба чунин иқдом даст намезанад.
Дуюм: Илҳом Ёқубове, ки шумо роҷеъ ба суиқасд ба ҷони он менависед ба мисли ба истилоҳ Паймони миллиатон дар Тоҷикистон аз ў касе хабар надорад.
Сеюм: “Террори давлатӣ” ном ниҳодани мақола аз ҷониби масъули сомонаи “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин ҳеҷ асос надорад, зеро чунин иқдом хилофи манофеи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва кишвари мо дар сафи пеши мубориза алайҳи терроризм қарор дорад. Аз ин рў Илҳом Ёқубов, ки роҷеъ ба он дар сомонаи хеш менависед дар Тоҷикистон тарафдор надорад ва ба амнияти миллии мо ҳеҷ гуна хатар эҷод карда наметавонад.
Чаҳорум: Ба назари ман чунин рафтор нисбати Илҳом Ёқубов тақсими маблағҳо миёни роҳбарияти Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо мебошад, яъне ба истилоҳ разборкаи дохилихонаводагии онҳост, ки мақомоти Тоҷикистон ба он ҳеҷ иртиботе надоранд.
Панҷум: Аз диди ин ҷониб роҳбарияти Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ мехоҳад мушкилоти молии худро бо тавсияи хоҷагони хориҷии худ бо роҳи бадном кардан ва хиёнат ба ватани аҷдодии худ (ватани аҷдодӣ, зеро ин ҷо аллакай ватани онҳо нест) ҳаллу фасл намояд, ки ин аз бевиҷдонии онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Ҳомидзода Ф. М. д.и.т., профессор, мудири
кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ