Туҳмат ва таҳқири беасоси давлат чӣ лозим, эй хоинон!

Вақтҳои охир ТЭТ ҲНИ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ фаъолияти ташфиқотию оммавии худро дар хориҷа пурзўр намуда истодаанд.

Аҷоибаш он, ки ин давлатҳои хориҷӣ ба ҷаҳон эълон менамоянд, ки бар зидди терроризм муқовимат нишон медиҳанд, вале худашон террористони ҳаққониро пуштибонӣ менамоянд. Услуби кори созмонҳои хориҷӣ ҳамин аст: аз байни мардум нафаронеро, ки қавиирода нестанду зуд ба молу чиз моил мегарданд, интихоб намуда, нақшаҳои сиёҳи худро амалӣ менамоянд. Алҳол ки назҳатиён дигар бо номи ислом корҳои худро анҷом дода натавониста истодаанд, номи вертуалии худро иваз намудаанд. Интернет ҳамаи гапҳои пуч ва тўҳматҳои назҳатиёнро тоқат мекунад. Имрӯз боре намеандешед, ки як кишвари пора-пора гашта ба ҳам омад ва тамоми қисматҳои он ба ҳам пайвастааст ва кишваре, ки қисматҳои он 6 моҳ аз марказ ҷудо будаанд ба як кишвари том табдил ёфтааст. Агар шумоён ба халқу Ватан содиқ бошеду «демократия», «озоди»-ро хоҳед, пас чаро аз солҳои 90-ум инҷониб «меҳрубониҳо»-и шумоёнро дида истодаем. Яке аз роҳҳои дифоъ аз кирдорҳои содиркардаатонро дар интиқоди Президенти кишвар донистаед. Новобаста аз оне ки худ то ҳол на мактабе сохтаеду на роҳеро обод кардаед, вале ҳамоно ба Президенти кишвар тӯҳмат ва таҳқирро раво дониста, талош ба он доред, ки нуфузи Роҳбари кишварро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар поин баред.

Вале мардуми бонангу номус ва шарафманди тоҷик хиёнатҳои шумоёнро бахшиданӣ нест. Боварӣ дорем, ки агар аз дасти бандагонаш наояд, пас Худованд худаш ҷазои шумоёнро медиҳад. Мо мусулмон ҳастем ва кӯшиш мекунем, ҳаёти дуюмро фикр кунем, аз пайи ин дунё бошем, ки ба насли оянда покиву сулҳ мерос монем.

Салимова М. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like