Сӯиқасд ба ҷонӣ Илҳом Ёқубов аз ҳақиқат дур аст
Ибтидои солҳои 90-ум саркардагони ташкилоти ифротии Ҳизби наҳзати исломӣ бо супориши хоҷагони хориҷӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои хориҷӣ аз фалаҷ гаштани сохторҳои қудратӣ, вазияти сиёсиву иҷтимоӣ Тоҷикистон истифода намуданду ҷанги шаҳрвандиро тарҳрезӣ карданд. Мардуми моро бо ҳамин роҳ, бо шиору гуфтори гуё динӣ ба майдони худ ва оқибат ба гумроҳӣ раҳсипор карданд. Мардуми мо, ки дини мубини Исломро муқаддас медонанд, аз ниятҳои ғаразноки саркардагони дохиливу хориҷӣ, ки дар талоши маблағу мансаб буданд, бехабар монда, даст ба куштори як дигар заданд, ки ҳамчун саҳифаи сиёҳи таърихи миллат боқӣ мондааст.
Дар доираи нисбатан маҳдуд фаҳмидани мақсаду мазмуни аслии ҳар гуна хабару маълумот ва минбаъд нодуруст, ба таври ғалат шарҳу маънидод ва ташвиқоту тарғибот кардани онҳо аз ҷониби пайравони ифродгароӣ , боиси он мегардад, ки мақсадҳои ниҳоии ифродгарон зери пардаи ошкорбаёнӣ ноаён мемонад.
Аз ин рў, андешаҳои паҳнкардаи хоинон гӯё ба ҷони Илҳом Ёқубов сӯиқасде ба амал омада бошаду онро давлат тарҳрезӣ намуда, дуруғи навбатие мебошад, ки бо воситаи он хоинони Ватан мехоҳанд ба чашми мардум хок пошанд.
Изҳороти кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ