Гуноҳро ба сари давлат бор карданианд!

Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.

Илҳом Яқубов ҳамчун аъзои ифротгари ПМТ як чанд нафар ҳамватани худро фиребу найранг карда, ҳаёти чӣ қадар инсонҳоро хароб намудааст. Маҳз щамин фиребгарии Илҳоми хоин буд, ки чанд руз пеш аз ҷониби “дӯстони дериани худ” мавриди латукӯб қарор гирифт. Аммо ин латукӯбе, ки характери шахсӣ ва иқтисодӣ дорад, наҳзатиён характери сиёсӣ бахшида, хостанд онро ба фоидаи худ истифода баранд. Лек тири онҳо шикаст хурд.

Ёдовар мешавем, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон, бо муттаҳид сохтани ба ном ташкилотҳое чун: «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, таъсис ёфтааст.

Аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва амниятӣ бар ин назаранд, ки ТТЭ ҲНИ бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли найрангҳои солҳои наваддум азм дорад амалҳои тахрибкорона ва террористиву эстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад. Вале, мусаллам аст, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ин ҳамон ТТЭ ҲНИ бо номи дигар аст.

Ҷӯраев Ф.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи

 иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like