Тамасхури шаҳрвандон ба интригаи дохилинаҳзатӣ

Доир ба фоҷиаи санаи 16-уми март баргузоршуда ва ба таҳаллука андохтани шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби аъзоёни ПМТ доир “гӯё”  сӯиқасд ба Илҳом Яқубов  ҳамаро бо иттилоотҳои бардурӯғ пур намуданд. Доир ба ҳамин  масоил Шариф Раҳимов яке аз таҳлилгарони тоҷик як мақолаи ниҳоят хубе бо номи “Сӯиқасди  хандаовар ба Илҳом Яқубов ” бо шарҳи мухтасар навиштааст, ки аз нуқтаҳои муҳим ва асли воқеа возеҳ хабар додааст.

Албатта бо ҷори гардидани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҷамъи маълумотҳои гуногун дар шабакаҳои Интернетӣ рӯз аз руз зиёд гардида истоддаст ва аз он маълумотҳоро дастрас ва паҳн намудан мумкин аст. Афзалиятҳои шабакаҳои Интернетӣ зиёд аст, аммо ҷиҳатҳои манфии он низ мавҷд мебошад, ки бархе шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки фазоии иттилоотии ҷомеаро вайрон кардан мехоҳанд.

Бояд иброз дошт, ки бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва системаи коммуникатсия гуруҳҳои ифродгар ва нохалаф барои вайрон кардани оромиву осудагӣ ё танқиди ягон шахсия ё худ ҳукумат аз ҳар гуна роҳҳо истифода мекунанд. Аммо роҳи ба ҳадафи нопоки онҳо ба таври максимали наздикшаванда ин шабакаҳои Интернетӣ аст. Яъне тариқи шабаҳои иҷтимоӣ онҳо фазои иттилоотии моро халалдор мекунанд, лекин аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки зиракиро аз даст надода ақлу хирадро кор фармуда ҳамагуна иттилоотӣ воридшавандаро таҳқиқ намуда, актуалии онро, дақиқияти онро ва мукаммалии онро ба пурраги омӯхта сипас хулосабарори кунанд. Зудбовар набояд шуд дар ин олам, зеро иттилоотӣ бардурӯғ, сохта ва бофта дар шабакаҳои Интернетӣ ниҳоят зиёд аст.

Аз ин лиҳоз лозим аст, ки ҷомеа ва алахусус ҷавонон аз беҳудагардӣ ва оворагӣ худдори намуда аз паи ба дастории дониш гарданд. Дар замони муосир имкониятҳои бадастории донишҳои нав тариқи шабакаҳои Интернетӣ бо роҳу воситаҳои гуногун мавҷуд аст. Имрӯзҳо ҳукумат ва сохторҳои дахлдор баҳри пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна амалҳои номатлуб ва ҳамроҳшудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгарой чораҳои ҷидди андешида истодааст. Соҳаи маориф низ барои саҳмгузор будан ба онҳо тамоми чораҳои ҷиддиро андешида истодааст.

Натоиҷи сухан дар он, ки Илҳом Яқубов бо бархе аз ҳамаслакони худ бо истифода аз шабакаи Интернетӣ мехоҳанд ба бархе аз кишварҳои хориҷ ва баъзе шаҳрвандони кишвари мо низ таъсири манфӣ расонида ақидаҳои нопоки худро байни ҷомеа паҳн кунанд. Аз ин усулҳои нопок чандин маротиб аъзоёни ПМТ истифода мекарданд ва ақидаҳои худро ба давлатдорони Аврупо расонидани буданд аммо ҳар боре ки онҳо ин амалҳоро анҷом медоданд, тирашон ба хок мерафт.

Бобозода А.А. – ассистенти кафедраи ТИКБ, ДДҲБСТ

You might also like