Қалами зиёӣ бар муқобили душман аст!
Аҳли зиёи ҷомеа дасисаҳои Илҳом Ёқубовро маҳкум карда, ба мардуми тоҷик муроҷиат менамоем, ки ба ин гапҳо бовар накунанд ва донанд, ки Илҳом Ёқубов барои он ин ҳангомаро ба роҳ мондааст, ки раванди баргардонидани аъзоёни ТТЭ ҲНИ суст шавад ва дигар нафарон аз сафи онҳо хориҷ нашаванд. Лекин Илҳом Ёқубов бояд донад, ки чоҳе, ки худ барои мардуми тоҷик кандааст, танҳо худаш ба он хоҳад афтод.
Кишвари тоҷик бо бахшидани гуноҳҳои якдигар борҳо исбот кардааст, ки метавонад дар ҳамбастагӣ ҷиҳати пешбурду пешрафт кору фаъолият намояд. Танҳо ба ин раванд Илҳом Ёқубов барин шахсиятҳои тундраву ифротӣ халал ворид менамоянд.
Хушбахтона баъд аз маҳкум намудани фаъолияти ҳизб, мардуми халқи мо дар фазои тинҷу оромӣ қарор доранду озодона зиндагии шоиста доранд ва идеяи Муҳиддин Кабирӣ комилан дуруст нест, ки сохтори давлат иҷозат намедиҳад, ки мардум тоату ибодат намоянд. Баръакс имрӯз таҳти роҳбарии сарвари хирадманд, Пешвои миллати тоҷик ҳамаи шароит ба хотири тоату ибодати мардум фароҳам оварда шудааст ва ё касе онҳоро маҷбур намекунад, ки донандаи ислом набошад, давлати Тоҷикистон дунявӣ аст, ба ҳамин хотир ҳам дин аз давлат ҷудо фаъолият менамуд, аммо ҳамкориҳои масъулини ҳизб бо хоҷагони беруна ва бардоштани иғвову дасиса дар байни мардум ин амали иштибоҳонаи худи масъулини ҳизб буд, ки хостанд бо ин мафкураи ғаразноки хеш чунин як амали хислати ифротгарои доштаро алайҳи ин давлати мустақилу соҳибфарҳанг анҷом доданд.
Сарвари давлат пайваста талош меварзанд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.
Суиқасди бофтаи Кабирӣ нисбати Илҳоми хоин асоси воқеӣ надорад. Ин саҳнаи навбатии душманон аст.
Муртазоқулов М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи технологияҳои иттилоотию
коммуникатсионӣ ва барномарезӣ ДДҲБСТ