Иштироки фаъолонаи ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ дар дави наврӯзӣ

Имрӯз санаи  14 марти соли 2020  бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази вилоят чорабиниҳои варзишии Дави наврӯзӣ ва марафони дучархаронӣ доир гардид.

Аз субҳи барвақт ҳазорон нафар сокинони вилоят ҷиҳати иштирок дар Дави наврӯзӣ назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъ омаданд.

Чорабиниҳои варзишӣ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Дар чорабиниҳои варзишӣ беш аз 1000  нафар устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштироки фаъол намуданд.

Маросими ҷамъбастии чорабинии варзишӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Пас аз Дави наврӯзӣ  ва марафони дучархаронӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон сипосномаҳои раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят тақдим карда шуд.  Устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ низ барои иштироки фаъолона  бо сипоснома қадршиносӣ гардиданд.

 

You might also like