Баргузории чорабинии вилоятии варзишӣ дар ДДҲБСТ
Дар маҷмааи зебову замонавӣ ва навбунёди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси нақшаи кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни занон, бахшида ба 8 – март Рӯзи модарон байни омӯзгорзанҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ чорабинии варзишӣ дар намуди шашка ва шоҳмот баргузор гардид. Дар оғоз, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мӯсобек Мироватов дар бораи мақсаду мароми чорабинии мазкур изҳори назар намуданд.
Қайд гардид, ки солҳои охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту майдончаҳои варзишии зиёде сохта ба истифода дода мешаванд, ки бешубҳа барои обу тоб ёфтани насли наврас ва ҷавонон хидмат мекунад. Дар вилояти Суғд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳаи варзиш диққати махсус зоҳир гардида истодааст.
Пас аз баргузории мусобиқа аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот ғолибон муайян гардиданд. Ҳамин тариқ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷойи аввалро дар намуди шоҳмот омӯзгор аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бахтигул Абдуллоева ва дар намуди шашка омӯзгор аз шаҳри Исфара, Ҳилола Исроилова сазовор гардиданд. Байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷойи аввалро дар намуди шоҳмот Райҳона Мирмаматова аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва дар намуди шашка Мусабехон Холматова аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сазовор гардиданд. Ғолибони чорабинии варзишӣ бо туҳфаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







