Нақши китоб дар ҳаёти донишҷӯён
Дирӯз дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Нақши китоб дар ҳаёти донишҷӯён” баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ доир гардида, дар ҷараёни он устодону олимони ҷавони донишгоҳ ва донишҷӯён дар мавзӯҳои “Мутолиаи адабиёти сиёсӣ-заминаи баланд гардидани маърифати сиёсии донишҷӯён”, “Инъикоси масъалаи китоб ва китобхонӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон”, “Мавқеи китоб дар ҳаёти имрӯзаи ҷавонон” маърӯзаҳо ироа карданд.
Иброз гардид, ки ҳадафи баргузории конференсия ҷалби ҳарчи бештари муҳассилин ба китобдориву китобхонӣ, омӯзиши осори бузургон мебошад.
Ҳамчунин дар факултети мазкур маҳфили “Дипломатҳои ҷавон” дар мавзӯи “Мафҳум ва моҳияти амнияти миллӣ дар замони муосир” доир гардид. Қайд шуд, ки дар ҷаҳони имрӯзаи пуртазод бояд ҳар нафар шаҳрванди мамлакат, махсусан ҷавонон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, худшиносиву ваҳдати миллиро аз ҳар гуна падидаҳои номатлуби хатарзо ҳифзу ҳимоя намоянд. Баргузории ин қабил маҳфилу конфренсияҳо дар дигар факултетҳо идома доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




