Забономӯзон соҳиби шаҳодатнома гардиданд

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ амал менамояд, ки донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои миёнаву олӣ метавонанд сатҳи забондонии худро такмил диҳанд. Дирӯз беш аз 35 нафар таҳсилгирифтагони курсҳои забономӯзӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Зимни тақдими шаҳодатномаҳо ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирок намуда афзуд, ки забондонӣ, аз худ намуданни забонҳои хориҷӣ талаботи замон буда, таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт шоёни таҳсин аст.

Сипас, чанде аз таҳсилгирифтаи курсҳои забономӯзӣ, ки муҳассилини макотиби олӣ ва муассисаҳои миёнаву умумӣ буданд, баромад карда, барои ташкил намудани чунин курсҳо ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки курсҳои кутоҳмуддасти забономӯзӣ ва такмили ихтисос дар назди шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ фаъолияташро ба роҳ мондааст.  35 нафаре, ки соҳиби шаҳодатнома гардидаанд муддати 2 моҳ ба курси забономӯзӣ ҷалб шуданд.

Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд донишу малакаи забономӯзиашонро такмил диҳанд шуруъ аз моҳи март омӯзиш дар гуруҳҳои алоҳида  дар донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

                                                                        Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like