Ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ба истиқболи таъсисёбии 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Муъмин Шарифзода ректори донишгоҳ зимни суханронии хеш аз таърих ва роҳи тайнамудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бисту ҳафт сол қабл дар таърихи кишвари мо боз як саҳифаи хеле муҳими таърихӣ – таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, ки сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад, боз гардид.
Сипас, Илҳом Бониёзов намояндаи Комиссарияти ҳарбии вилоят баромад намуда, афзуд, ки аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст. Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.
Ҳамчунин Зариф Одинаев қайд намуд, ки алҳол Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил ёфта, бо техникаи ҳарбии пурқувват, иншоот ва таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз таъмин гардидааст.
Дар қисмати дуввуми чорабинӣ ба як қатор устодоне, ки дар ҳифзи Ватан – модар саҳм гузоштаанд ва ғолибони чорабиниҳои варзишии донишгоҳӣ туҳфаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд. Шеъру сурудҳои ватандӯстона ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.








