Маърифат ва амнияти миллӣ
Дар шароити мураккабу пуртазоди геополитикӣ ва густариши бесобиқаи фазои иттилоотии муосир, таъмини амнияти миллӣ ва иттилоотӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Тавре дар нақшаи фаъолияти гурӯҳҳои таҳлилию иттилоотии Донишгоҳ барои соли таҳсили 2026–2027 пешбинӣ шудааст, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии коррупсия, тарғиби арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ танҳо бо шиорпартоӣ имконпазир нест —он ба таҳлили амиқи илмӣ, далелҳои мушаххас ва фаъолияти мунтазами маърифатӣ ниёз дорад.
Имрӯз гуруҳҳои ифротгаро ва манипуляторҳои иттилоотӣ кӯшиш мекунанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва маводҳои зоҳирмазҳабӣ ё зоҳирсиёсӣ ба афкори ҷавонон таъсир расонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари чунин маводҳо аз шиорҳои дурӯғини «адолатхоҳӣ» ё «ҳимояи арзишҳо» сӯиистифода карда, ҳадафи аслии худро халалдор сохтани суботи ҷомеа ва бегонасозии фарҳангӣ пинҳон медоранд.
Дар рафти мониторинги маълумоти рақамӣ ва саҳифаҳои оммавии интернетӣ баръало мушоҳида мешавад, ки маводҳои ифротгароёна аксар вақт бо истифода аз видеоҳои кӯтоҳ, иқтибосҳои буридашуда ва сарлавҳаҳои эҳсосотӣ дар байни корбарони синни ҷавон паҳн мегарданд. Ин далели шайъии рақамӣ нишон медиҳад, ки ҷавонон на танҳо ба манъкунӣ, балки ба саводнокии рақамӣ ва тафаккури интиқодӣ ниёз доранд, то битавонанд дурӯғро аз ҳақиқат ва тарғиботро аз таҳлили воқеӣ фарқ кунанд.
Таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, аз ҷумла мероси фалсафӣ, адабӣ ва ахлоқии ниёгон, сарчашмаи тавоноӣ тарбияи инсони комил, ватандӯст ва соҳибмаърифат аст. Худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ — Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, забон ва рамзҳои давлатӣ — заминаи устуворест, ки намегузорад зеҳни ҷавон ба доми хурофот, маҳалгароӣ ва ифротгароӣ афтад.
Муқоисаи мазмуни консепсия ва стратегияҳои миллии соҳаи маориф ва сиёсати ҷавонон бо барномаҳои таълимии фанҳои ҷамъиятӣ ва маърифатӣ (аз ҷумла маводи таълимӣ оид ба ахлоқ, эстетика, таърих ва фалсафа) нишон медиҳад, вақте донишҷӯ бо арзишҳои асили фарҳангӣ ва меъёрҳои ахлоқии ҷомеа ошно мешавад, сатҳи тобоварии ӯ ба андешаҳои бегона ба маротиб меафзояд. Ҳар як дастури таълимӣ, мақолаи илмӣ ва сабти чорабинии фарҳангию маърифатӣ дар Донишгоҳ худ далели шайъии корҳои пешгирикунанда ба ҳисоб меравад.
Муқовимат ба коррупсия дар низоми таҳсилоти олӣ бевосита ба сифати таълим, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ вобаста аст. Коррупсия на танҳо зарари иқтисодӣ мерасонад, балки арзишҳои меҳнатдӯстӣ, донишандӯзӣ ва масъулиятшиносиро дар зеҳни насли наврас коста мегардонад.
Мавҷудияти нақшаҳои кории тасдиқшуда, сабти ҷаласаҳои гурӯҳҳои таҳлилӣ, маълумотномаҳои вохӯриҳо бо донишҷӯён ва маводҳои иттилоотӣ дар гӯшаҳои маърифатӣ ва сомонаи донишгоҳ исбот мекунад, ки шаффофият, риояи интизоми меҳнат ва таълим ва шарҳу тавзеҳи мунтазами қонунгузории зиддикоррупсионӣ омили муассири пешгирӣ аз қонуншиканиҳо мебошанд.
Каримӣ Аслам Аъзамҷон,
доктори илмҳои фалсафа,
мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ. ДДҲБСТ