Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан
Субҳи имрӯз санаи 21 феврали соли равон саҳни бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд. Зеро дар ин субҳ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, меҳмонон аз комиссариятҳои ҳарбиву комендидатура ва қисмҳои низомӣ барои истиқбол аз ҷашни Артиши миллӣ ҷамъ омада буданд. Баҳри табрики иштирокчиён ба муносибати таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода намояндаи Комиссарияти ҳарбии вилоят Илҳомҷон Бониёзов, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва намояндагони қисмҳони низомӣ иштирок ва сухан карданд.
Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.
Илова шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун нерӯи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд.
Сипас, дар идома сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ машқҳои гуногун намоиш доданд, ки аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд дода шуд.
Дар интиҳо сарвари донишгоҳ ба сарбозону афсарон туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳро тақдим кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














