ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ИФТИХОРИ ДАВЛАТДОРӢ

ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ АКСИЯВУ СИЛСИЛАЧОРАБИНИҲО ДАР ДДҲБСТ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён аксияву чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ва тарбиявӣ баргузор гардиданд.

Зимни баргузории чорабиниҳо иштирокчиён аз аҳаммияти таърихию сиёсӣ ва ҷойгоҳи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон ёдовар шуда, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа арзёбӣ намуданд.
Чунин иқдомҳо дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори шаҳрвандии ҷавонон нақши муҳим доранд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like