Чаро Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад?
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи асосии соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба шумор меравад. Ҳамасола дар саросари кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Интихоби ин сана тасодуфӣ набуда, бо ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар сарнавишти давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад: якум, рӯзи тасдиқи нахустин Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол – 24 ноябри соли 1992 ва дуюм, расман эълон гардидани рӯзи ҷашн дар соли 2009.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 зарурати таҳияи рамзҳои нави давлатӣ, ки ба моҳияти соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон мувофиқ бошанд, ба миён омад. Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 комиссияи махсус таъсис ёфта, озмуни умумиҷумҳуриявӣ барои беҳтарин тарҳи Парчами давлатӣ эълон гардид. Пас аз баррасӣ ва ҷамъбасти озмун, маҳз 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор шуд, Низомнома ва тарҳи нави Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқ карда шуд. Ин рӯйдод дар лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихӣ ба вуқӯъ пайваста, ба рамзи эҳёи давлатдорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ табдил ёфт.
Ҳарчанд Парчами давлатӣ соли 1992 қабул шуда буд, аммо таҷлили расмии он ҳамчун иди умумимиллӣ пас аз 17 сол ба роҳ монда шуд. Соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба хотири арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ санаи қабули он – 24 ноябр расман Рӯзи Парчами давлатӣ эълон карда шавад. Бо ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Пешвои миллат боифтихор таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бо парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як ватандўсту ватанпараст муқаддас аст». Воқеан парчам дар радифи нишон, суруди миллӣ ва ҳамагуна рамзҳои давлатӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд муқаддас бошад.
Боиси ифтихор аст, ки 30 августи соли 2011 дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Парчами кишвар бо баландии 165 метр барафрохта шуд, ки ҷойгузини китоби рекордҳои Гиннес гашт ва то соли 2014 баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешуд. Дарозии Парчам 60 ва бари он 30 метр буда, аз тамоми гӯшаву канори пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе намудор аст. Бо чунин баландӣ сохта шудани парчами кишвар арҷ гузоштан ба ин рамзи муқаддаси миллӣ мебошад.
Парчами имрӯзаи мо идомадиҳандаи анъанаҳои куҳани парчамдории ниёгон, аз ҷумла Дирафши Ковиёнӣ буда, ҳар як ранг ва унсури он мазмуни амиқи таърихиву фалсафӣ дорад:
Ранги сурх – рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлол, инчунин ишора ба парчами Коваи оҳангар;
Ранги сафед – рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, бахту иқболи сафед ва роҳи равшани оянда;
Ранги сабз – нишонаи сарсабзиву хуррамӣ, табиати зебои Ватан, баҳор ва файзу баракат;
Тоҷ – таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ, тоҷдорӣ, асолати таърихӣ ва тамаддуни бостонии миллати тоҷик;
Ҳафт ситора дар шакли нимдоира – ишора ба ҳафт иқлим, инъикосгари мақоми шоистаи миллат ва кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгоҳи биноҳои маъмурӣ, дар саҳни Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшонӣ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Гиромидошти ин санаи таърихӣ нишонаи эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолияти миллӣ мебошад.
Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода,
доктори илмҳои таърих, профессор
мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ. ДДҲБСТ