ДДҲБСТ: Баргузории чорабиниҳои мухталиф  бахшида ба Артиши миллӣ

Ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-сол пур мешавад. Ба ин муносибат имруз санаи 20 феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқу, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ кафили амнияти сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлол” доир гардид. Конференсияро ноибректори донишгоҳ, Ҳаким Ғаюров ифтитоҳ намуда, афзуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.  Дар мудати 27-сол Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нерӯи тавоно ва қудратманд табдил ёфт. Дар ин ҷабҳа саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон мебошад.

Ҳамчунин муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Тӯрақул Ризоқулов дар мавриди нақши Артиши миллӣ дар ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар изҳори назар кард.

Сипас, дар идомаи ҳамоиш намояндаи Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Илҳом Бониёзов дар мавзӯи “Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ”, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Ҷумъа Яқубов таҳти унвони “Нақши Артиши миллӣ дар ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ”, сармуаллими кафедраи  ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи донишгоҳ Комилҷон Пӯлотов дар мавзӯи “Артиш яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ” ва донишҷӯи донишгоҳ Мирзамон Абдуллоев бо номи “Ҷавонон – ҳимоятгари Ватан”  маърӯзаҳо ироа намуданд.

Зимни баромади маърӯзачиён иброз гардид, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳо ҷангиданд, танзимгари сохтори ташкилию штатии худмашғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаъҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест, ба найрангҳои сиёсатхоҳону авбошон гирифтор нахоҳад шуд, ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболо аст ва доимо сулҳу амониро тараннум хоҳад кард, илова гардид дар идомаи конференсия.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба истиқболи солгарди ҷашни Артиши миллӣ бо ҷалби сарбозону афзарони қисмҳои низомӣ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид. Донишҷӯён низ бо азбар намудани либоси низомӣ машқҳои ҳарбӣ – варзишӣ аз қабилӣ сафороӣ, қадамзанӣ ва арғамчинкашӣ намуда, ба ин васила ватандӯсту хештаншинос будани худро нишон доданд.

Ба иштирокчиён таъкид карда шуд, ки санаҳои таърихиву муқаддас чун Артиши милливу Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатиро ҳифзу ҳимоя намуда, дар гиромидошт ва нуфузаш саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like