Нишонаи муҳимтарин ва соҳибистиқлолии давлат
"Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд" Эмомалӣ Раҳмон
6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни олии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Гирифта бар кафи худ, хомаи миллат
Кунам васфи саодатномаи миллат.
Тани миллат, ки бе қонунаш урён аст,
Ҳамеша пок бод, ин ҷомаи миллат.
Воқеан, 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик санаи сарнавиштсоз буд, чун дар ин рӯз Конститутсия – ҳамчун қонуни асоси қабул шуд ва дигаргуниҳои зиёдеро дар таърихи башарият ба вуҷуд овард.Конститутсия – вазъи ҳуқуқии шахсият, сохти иқтисодию сиёсии ҷомеа ва мақомоти ҳокимияти давлатиро ба танзим медарорад. Он нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Бо риояи меъёрҳои Конститутсионӣ мо имрӯз ба ҳадафи пешгирифтаи кишварамон қадамҳои устувор мегузорем. Ҳамаи он пешравиҳое, ки дар кишвар ба назар мерасад, ба шарофати амали Конститутсияи 32 – сола ба даст омадааст. Моҳияти демократии ин санади сарнавиштсоз аз он иборат буд, ки халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлат дар он ифода меёфт. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар остонаи 32-юмин солгарди қабули Конститутсия, ки дар роҳи ормону орзуҳои имрӯзу фардояш, бо устувории комил қадам мегузорад.
Ба ту қонуни давронам ташаккур,
Барои бахти тобонам ташаккур.
Калиди бахти одам дар кафи ту,
Адолатро нигаҳбонам ташаккур.
Ҷавонон неруи созанда, ояндасоз ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Ҳар як ҷавон бояд на танҳо аз мавҷудияти Конститутсия огоҳ бошад, балки мазмуну муҳтавои моддаҳои онро омӯзад, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намояд.
Маърифати ҳуқуқӣ инсонро аз бетафовутӣ дур сохта, дар ӯ эҳсоси масъулиятшиносӣ, адолатпарварӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи дигаронро ташаккул медиҳад.Ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ метавонанд дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди устувори давлат саҳми назаррас гузоранд.
Рӯзи Конститутсия танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рӯзи эҳтиром ба қонун, адолат, озодӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шиносномаи давлатдории миллӣ ҳамеша раҳнамои ҷомеаи мо бошад!
Конститутсия — рамзи соҳибистиқлолӣ, адолат ва ваҳдати миллӣ!
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
НАЗИРОВ ПАЙРАВ, донишҷӯи курси 3-юми
факултети ҳуқуқшиносӣ ДДҲБСТ.