Конститутсия санади ифодакунанда ва амаликунадаи ормону орзуҳои халқи тоҷик
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро мебошад, ки дар он Конститутсия мавқеи асосиро ишѓол намуда ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин қайд менамояд: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад». Тавассути моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати сохибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон карда шудааст.
Бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби халқи Тоҷикистон эҷод ва қабул гардидани он яке аз дастовардҳои бузурги халқи Тоҷикистон буда, мақсаду марому қабулшавии Конститутсия дар дебочаи он дарҷ ёфтааст .
Баҳри амалӣ намудани хусусияти конститутсионӣ – демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор моддаҳо мустаҳкам карда шудаанд (Моддаҳои 5,6,8,9, 27,49,65,98). Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи ҳуқуқҳои фитрии инсон дарҷ ёфтаст, ки он сохтори демократиро мустаҳкам менамояд.
Демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар таъмини ҳокимияти халқӣ, тақсимоти ҳокимият ба шохаҳои алоҳида (моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), кафолату таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд (боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), гуногуншаклии мафкуравӣ таҷассум меёбад.
Сарчашмаи ҳокимият ва фаъолияти қонунии мақомотхҳои давлатӣ ин соҳибихтиёрии халқ ба ҳисоб меравад, ки он дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таҷҷасум ёфтааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд». Ин маънои аз ҷониби давлат мустаҳкамкунии ҳокимияти халқӣ, ё ин ки давлати демократиро доро аст, ки ҳокимияти халқиро таҷассум менамояд.
Дар давлатҳои демократӣ сарчашмаи ягонаи ҳокимият ва баёнгари он халқ ба ҳисоб меравад, ки он дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст. Эътирофи халқ ҳамчун баёнгари ҳокимият яке аз сифатҳои соҳибихтиёрии халқ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи Тоҷикистон тибқи Конститутсия ягона сарчашмаи ҳокимият буда, ҳизбҳои сиёсӣ, гуруҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ѓасб намоянд. Ѓасби ҳокимият ва тассаруфи салоҳияти он манъ аст. Баҳри амали намудани ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи Тоҷикистон 22 майи соли 2016 бо роҳи райпурсии умумихалқӣ таѓийру иловаҳоро ворид намуд, ки он имконият медиҳад орзуву омолҳои халқи тоҷикро расман амалӣ намояд
Ҷоизи қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи амалкардаистода ду роҳи амалӣ кардани демократия кафолат дода шудааст. Аз ҷумла: райъпурсӣ ва интихобот. Ин роҳҳои баёни иродаи халқ ва унсурҳои амаликунандаи демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавассути райъпурсӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо роҳи овоздиҳии умумӣ ҳал карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани ин шакли демократия пас аз соҳибихтиёрии давлатӣ 3 маротиба раъйпурсӣ гузаронида шудааст. Соли 1994 тавассути райъпурсии умумихалқӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст ва солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйироту иловаҳо ворид карда шуд. Моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқиро райъпурсии умумихалқӣ эътироф намуда, тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки озодонаи шаҳрвандон дар интихоботи вакилони халқ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз роҳҳои амалӣ гардидани демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин меъёри муҳими давлати демократӣ ба ҳисоб рафта, тавассути он асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳи интихобот муқаррар карда мешавад. Аз ҷумла, моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Точикситон интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам менамояд. Баҳри шаффоф ва озод баргузории интхоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси
Олӣ» аз 10.11.1999 қабул карда шудааст, ки он бо таѓйироту иловаҳо солҳои гуногун амал карда истодааст. Мутобиқи қонуни мазкур шаш маротиба интихоботи маҷлисҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид (солҳои 2000, 2005, 2010,2015,2020,2025). _
Ё ин ки моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва пинҳонӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд ва моддаи 66 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшавии қонуни конститутсиониро тақозо менамояд. Тавассути қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи худро оид ба иштирок ба корҳои давлатӣ амалӣ менамоянд.
Ҷоизи қайд аст, ки меъёрҳои номбурдаи конститутсионӣ кафолати амалишавии демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, роҳҳои амалӣ намудани демократияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1 Конститутсияи соли 1994 давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф карда шудааст, ки ин хусусиятҳои конститутсионӣ имконият медиҳад, дар ҷомеа волоияти қонун таъмин гардад ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шаванд. Волоияти қонун дар Конститутсияи Тоҷикистон асоси фаъолияти давлат, мақомоти он, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон эълон шудааст. Тўли 22 соли амали санади тақдирсози миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи- кистон халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози кишвар муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро муайян намуда, пеш мебарад.
Зарурат ва аҳамияти қабулшавии Конститутсияи кишварро дар бунёди давлатдории миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992, таъкид намуда, иброз доштанд, ки «Асоси қонунҳои Тоҷикистонро нав карда онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои ташаккулёбии давлати соҳибихтиёр, демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Конститутсияи соли 1994 қабул намудаи Тоҷикистон низ яке аз дастовардҳои азими мардуми Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ буда, оид ба таҳкурсии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошт, ки имрўз баҳри ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ нақши хосаеро доро мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои пешрафти халқи Тоҷикистон буда, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва бунёди чомеаи адолатпарварро дар дебоча мустаҳкам намудааст.
Маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамоянд, ки Конститутсияи нави Тоҷикистони сохибихтиёр ин санади ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва таърихие, ки он қувваи олии ҳуқуқиро доро буда, дар он манфиату иродаи халқу давлат таҷассум ёфта, таҳкурсии ҳуқуқии ҷамъият эътироф карда шуда, он дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифода ва татбиқи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллӣ ва волоияти қонунро таъмин менамояд. Конститутсия ѓояҳоеро мустаҳкам менамояд, ки онҳо таҷассумкунандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсати давлат аст. Қабули саривақтии қонуни асосии кишвар ва мутобиқ сохтани он ба талаботи замон кафолати зарурии инкишофи таърихӣ, нишонаи рушди ҳуқуқ аст.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хосеро доро буда, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои мубрами марбут ба сохибихтиёрии давлат, шакли он, тарзҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлат, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва шаклҳои гуногуни моликиятро кафолат медиҳад. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, инсон ва шаҳрвандон сарчашма ба ҳисоб рафта, меъёрҳои конститутсионӣ дар бисёр маврид баҳри муайяннамоии усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла сиёсати хориҷии давлат равона карда шудаанд.
Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи навини он асос гардида, хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд. Сарчашмаи асосии Конститутсияи нави Тоҷикистон Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон (соли 1990-1991) аст, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҳз дар ин эъломия бори нахуст эълон карда шудааст, ки дар марзи Тоҷикистон волоияти Конститутсия ва қонунҳо амал мекунад.
Мавқеи конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст, Аз ин рў, Конститутсия ва меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунандае дорад.
Барпошавии давлати сохибихтиёри Тоҷикистон заминаи сиёсию ҳуқуқии ташаккулёбии худро дошта, марҳилаи моҳиятан ва сифатан нави инкишофи Тоҷикистон ба қабулшавии Конститутсияи соли 1994 вобастагӣ дорад.
Моҳияти Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиат ва иродаи халқи Тоҷикистон буда, мувофиқи он меъёрҳое муқаррар карда шудаанд, ки таркиби сохтори ҷамъият, сохтори давлат ва низоми мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳамаро дар назди қонун, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва доираи салоҳиятҳои онҳоро муайян менамояд. Мазмуни иродаи ба шакли Конститутсия таҷассумёфтаи халқ бояд ба конститутсияи ҳақиқӣ, яъне шароити моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҳаёти ҷамъият мувофиқат кунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистонро бевосита хусусиятҳои конститутсионии Тоҷикистонро ҳамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам намуда, таѓйирнопазирии онро дар шакли идораи ҷумҳуриявӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат медихад.
Меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, дар худ падидаҳои конститутсиониро ба мисли баробарҳуқуқии инсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии шахсият, сохибихтиёрии халқ, кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва принсипҳои инсондустӣ, дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро таҷассум менамояд.
Ворид намудани таѓйироту иловаҳо 26 сентябри соли 2003 ва 22 майи соли 2016 баргузоршавии райъпурсии умумихалқӣ барои зоҳирёбии муҳимтарин рукнҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, яъне таҷассуми арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳо дар Конститутсия равона гардидааст. Аз ҷумла, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо бо ифодаёбии ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зикр ёфтаанд, ки дар моддаи 17 он чунин омадааст «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд» ё ин ки дар моддаҳои 18, 19, 20, 21 хуссусиятҳои инсондустии меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст.
Баҳри ноил шудан ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа зарур аст, ки қонунҳои қабулшуда миёни аҳолӣ ба таври васеъ таблиғу ташвиқ карда шаванд, барномаҳои ҳуқуқӣ дар садову симо бо иштироки мутахассисони соҳа такмил дода шаванд. Имрўз ба вазъи ҷомеа дар Тоҷикистон назар кунем, корҳои зиёдеро анҷом додан лозим мешавад. Махсусан, дар таъмини волоияти қонун Пешвои миллат дар ҳар суханрониҳои худ бевосита ба ин масъала дахл намуда қайд менамоянд, ки “Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад”.
Ё худ дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти кишвар қабул шудани «Барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагии устувор гардонидани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва корупсия», ё ин ки Фармони Сарвари давлат аз 09.04.1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаи якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба мисли Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулти таълиму тарбияи фарзанд» гардидаанд, ки онҳо ба таъмини волоияти қонун ва тарбияи насли бофарҳангу худшинос замина мегузорад.
Тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшавии парлумони касбии доимоамалкунадаи думаҷлисаро қайд кардан ҷоиз аст, ки зеро он аз номи давлат ба манфиати халқи Тоҷикистон тибқи муқаррароти конститутсионӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, нақши муҳимеро дар амали гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегузорад. Парлумони кишвар дар тўли фаъолиташ бо риояи меъёрҳои Конститутися зиёда аз 700 санадҳои меъёриву ҳуқуқиеро қабул намуд, ки онҳо омили таъмини волоияти қонун таҳкими сохибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистони ба ҳисоб мераванд.
Иҷлосияи тақдирсоз дар таҳкими сохибихтиёрии давлатӣ, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Қонститутсия нақши муҳимеро ишѓол менамояд.
Иҷлосияи XVI Шўрои Оли дар кишвари мо сохтори конститутсиониро барқарор намуда созишномаи истиқлоли сулҳ, ва ваҳдати миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварда барои тараққиёти иқтисодии Ҷумуҳурии Тоҷикистон замина гузошт.
Ҳокимияти давлатӣ ин яке аз ҷузъҳои таркибии давлат баҳисоб рафта давлат онро баҳри амалӣ намудани мақсад ва мароми худ таъсис менамояд.
Дар иҷлосияи Шўрои Олӣ масоили самтҳои асосӣ оид ба мустаҳкамкунии истиқлоли миллӣ ва гузоштани қадамҳои асосӣ оид ба таъсиси давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ замина гузошта шуд, ки мустаҳкамкунии бунёди ин асосҳои сохтори конститутсионӣ бо шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, зеро ки ў тавонист дар муддати кўтоҳ ба боварии халқ сазовор гардида, оид ба таҳкими сулҳ, осоиштагии кишвар, ҳаллу фасли масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъолияти худро равона намояд.
Дар ин замина масоили таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ масъалаи асосӣ ва мубрами иҷлосияи XVI буда, он баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавқеи хосаеро доро мебошад, зеро ки дар рафти ин иҷлосияи сарнавиштсози миллати тоҷик бештар аз 70 адад санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ то имрўз хидмат карда истодаанд.
Яке аз хусусиятҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия давлати дунявӣ эътироф ва муайян карда шудааст. Роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифтани Тоҷикистон тасодуфӣ нест, зеро ки ҳодисаҳои нангине дар кишвар солҳои 1990-1992 ба вуқуъ омада буд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин хусусият, яъне дунявият ба Ҷумҳурии Тоҷикистони сохибихтиёр ҳамчун омили ҳимояи сохибихтиёрии давлат ва таҳкурсии бунёди давлати миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад ва тақозои замон буд. Дар замони муосир хусусияти дунявият хислати ҷунбиши ҷаҳонӣ дошта ва ин тамоил тамоми ҷомеаи Тоҷикистони сохибихтиёрро фаро гирифтааст ва ҳама вақт ѓояҳою арзишҳои онро ҳифз карда метавонанд. Дар ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш бо зиёиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ чунин қайд намудаанд: «Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Ин иқдоми таърихӣ ҳама гуна андешаҳои бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрати мардуми мо барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, ботил гардонид». Дунявӣ эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукуҳи хосаеро доро мебошад.
Мувофики Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад ва таѓийру иловаҳои соли 2016 ворид шуда омили мустаҳкамкунадаи дунявият ва ҳимояи ҳуқук ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон баҳисоб меравад.
Мазмуни асосии хусусияти дунявӣ доштани давлат дар Конститутсия инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар қисми дуюми моддаи 8 гуфта шудааст, ки ҳеҷ як мафкура аз ҷумла, мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад. Меъёри мазкур давоми мантиқии қисми якуми моддаи 8 буда, дар он тибқи равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор гирифтан ҳаёти ҷамъиятӣ муқаррар шудааст. Дар қисми чоруми моддаи 8 муайян шудааст, ки ташкилоти динӣ аз давлат ҷудо буда ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал кардани ўро мефаҳмонад.
Дар Ҷумхурии Тоҷикистон Конститутсия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро барои эътиқоди динӣ маҳдуд намекунанд. Тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон давлат ва мақомоти он танҳо бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои шаҳрвандон, низому суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дахолат мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои конститутсионӣ он иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ карда мешаванд, ки онҳо хусусияти миллатгароӣ, нажодпарастӣ, хусумату бадбинии иҷтимоӣ ва бо роҳи зурӣ ба несту нобуд сохтони сохтори конститутсионӣ ва ба ташкили гурўҳи мусаллаҳ даъват менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз баҳри ҳимояи сохибихтиёрии давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мувофиқи Конститутсия ва қарорҳои пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти зиёда аз 20 ҳаракатҳои ѓайриқонунӣ манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: «Ҳизб-ул-таҳрир», Салафия, Ҳаракати исломии Узбекистан, Гуруҳи 24, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ѓайра. Шахсоне, ки ба ин ҳаракатҳои ѓайриқонунӣ шомил мешаванд, тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, зеро ки пайравони ин равияҳо ошкоро бадбинии мазҳабиро тарѓиб менамуданд ва рафтори онҳо ба қисми 5 моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мухолифат менамояд.
Имрўз дар мамлакти мо сулҳу субот волоияти қонун арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат ва дастгоҳи он кафолат дода мешавад ва баҳри риояву амалишавии он Парлумони кишвар санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҷавобгў ба стандарти байналхалқиро ба тасвиб расонидааст. Баҳри амалӣ намудани баъзе аз хусусиятҳои конститутсионии давлат дар Тоҷикистон Қонун дар бораи «Ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба тасвиб расидаанд. Мутобиқи ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баробарии ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кафолат дода шуда қайди давлатиро гузаштаанд ва ҳамаи дину мазҳабҳо дар назди қонун баробаранд. Муқаррар кардани ягон хел афзалият ё маҳдуд кардани яке аз динҳо норавост, бинобар он давлат иҷрои вазифаи давлатиро ба зиммаи ягон ташкилоти динӣ намегузорад ва ба ташкилоти динӣ манъ карда шудааст, ки ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намуда, онҳоро маблаѓгузорӣ намоянд.
Хулоса, ба тарзи конститутсионӣ танзим ёфтани хусусиятҳои хоси дунявӣ пеш аз ҳама барои якпорчагӣ, дахлнопазирии Тоҷикистон равона гардида, онҳо имконият медиҳанд таъсиси гуруҳҳои силоҳбадаст, хароб кардани амнияти миллӣ, тарѓиби нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумати иҷтимоӣ ва динӣ пешгири карда шавад.
Ҳамзамон татбиқ кардани омилҳои давлати дунявӣ дар Тоҷикистон ва муайян кардани кафолатҳои онҳо барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Аз ин рў, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тибқи муқаррароти моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйирнопазиранд. Аз ин рў, фаъолияти давлат ба пурзур кардани асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии хусусиятҳои номбаршуда равона карда шудааст.
Баҳри ифодаи орзуву ормонҳои халқи Тоҷикистон имрўз дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории миллии тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди устувори ҷомеа, ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтарин арзише, ки аз хоҳиш ва иродаи мардуми шарафманди кишварамон вобаста буд.
Кенҷаев Шуҳрат Юсуфович, н. и. ҳ., дотсент,
декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ