АҲАММИЯТИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ БА ҲИМОЯИ НОБОЛИҒОН
Дар шароити ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими арзишҳои демократӣ ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ масъалаи таъмини ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон аҳаммияти махсуси назариявӣ ва амалӣ касб менамояд. Ноболиғон ҳамчун субъекти махсуси иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бинобар хусусиятҳои синнусолӣ, ҷисмонӣ, руҳӣ-равонии худ ба ҳимояи махсуси давлат ва ҷомеа ниёз доранд. Аз ин рӯ, зарурати ташаккули низоми мукаммали кафолатҳои ҳуқуқӣ ба миён меояд, ки дар он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ мавқеи муайянкунанда дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асосҳои сохтори давлатӣ ва принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатиро муқаррар менамояд, балки заминаи ҳуқуқии эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро низ ташкил медиҳад. Маҳз тавассути меъёрҳои конститутсионӣ давлат уҳдадор мегардад, ки шароити зарурии татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқҳои ноболиғонро таъмин намояд.
Аҳаммияти таҳқиқи мавзуи мазкур дар он ифода меёбад, ки ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон танҳо масъалаи иҷтимоӣ ё оилавӣ набуда, балки яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад. Таъмини шароити мусоид барои зиндагӣ, тарбия, таълим, инкишоф ва ҳимояи манфиатҳои қонунии кӯдак нишондиҳандаи муҳимми сатҳи рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ноболиғ шахсе мебошад, ки ба синни муқаррарнамудаи қонун барои ба даст овардани қобилияти пурраи амалкунӣ нарасидааст. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдак шахси ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида мебошад, агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз ин синну сол қобилияти пурраи амалкунӣ пайдо накарда бошад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқии ноболиғон бояд бо дарназардошти синну сол, дараҷаи камолоти ҷисмонию равонӣ ва хусусиятҳои иҷтимоии онҳо амалӣ карда шаванд.
Дар ин замина, ҳуқуқ ба ҳимояро метавон ҳамчун маҷмуи имкониятҳои ҳуқуқии ноболиғон барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, озодӣ, дахлнопазирӣ, манфиатҳои шахсӣ ва молумулкии худ аз ҳар гуна дахолати ғайриқонунӣ метавон арзёбӣ намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаи асосии ҳуқуқии эътироф ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ташкил медиҳад. Моҳияти конститутсионии ҳимояи ноболиғон дар он ифода меёбад, ки кӯдак ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои ҳуқуқӣ эътироф гардида, давлат уҳдадор аст барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ шароити заруриро муҳайё намояд.
Мутобиқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Меъёри мазкур дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ буда, ба тамоми низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ таъсир мерасонад. Аз мазмуни ин меъёри конститутсионӣ бармеояд, ки ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳуқуқҳои инсон эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Бинобар ин, меъёри зикргардида барои таъмини ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон аҳаммияти муҳим дорад, зеро синну соли хурд наметавонад асоси маҳрум намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои эътирофгардидаи инсон гардад. Баръакс, хусусиятҳои синну соли ноболиғон зарурати фароҳам овардани кафолатҳои махсуси ҳуқуқиро ба миён меоранд.
Бояд қайд намуд, ки моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳаёт ва дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ин меъёр барои таъмини ҳуқуқ ба ҳимояи ноболиғон аҳаммияти муҳим дошта, барои пешгирии зӯроварӣ, муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф ва дигар шаклҳои таъсири ғайриқонунӣ заминаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Мавқеи марказиро дар низоми кафолатҳои конститутсионии ҳимояи махсуси кӯдакон, ки дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ишғол менамояд. Дар асоси ин меъёр, модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Ҳамзамон, масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи кӯдакон ва уҳдадории давлат дар самти ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб, таълиму тарбияи онҳо муқаррар карда шудааст.
Аз лиҳози ҳуқуқӣ, мазмуни меъёри зикргардида аз он бармеояд, ки ҳимояи кӯдак танҳо уҳдадории падару модар ё оила набуда, балки вазифаи давлат низ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, давлат бояд тавассути қабули санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, ташкили фаъолияти мақомоти ваколатдор ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, кафолатҳои воқеии ҳимояи ҳуқуқи кӯдакро таъмин намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон тавассути маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд.
Яке аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муҳим дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 ба шумор меравад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакро муайян намуда, самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар ин соҳа танзим мекунад.
Дар баробари ин, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои вобаста ба тарбияи фарзандон, масъулияти падару модар, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳангоми ҷудо зиндагӣ кардани падару модар ва масъалаҳои васояту парасторӣ пешбинӣ менамояд.
Санади меъёрии ҳуқуқии дигар ин, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро мафҳуми ноболиғ дар он чунин муқаррар карда шудааст: “Шахсоне ноболиғ эътироф мегарданд, ки дар вақти содир намудани ҷиноят синни чордаҳсолагиро пур кардаанд, вале ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд”.
Инчунин, дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти пешбурди парвандаҳои ҷиноятии категорияҳои алоҳида аз ҷумла, ноболиғон пешбинӣ гардидааст, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи давлат ба ин категорияи шахсон мебошад.
Механизми ҳимояи ҳуқуқи ноболиғонро бе фаъолияти мақомоти давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин раванд мақомоти суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, васояту парасторӣ ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим доранд.
Дар ин замина, ҳимояи судии ҳуқуқи ноболиғон низ аҳаммияти махсус дорад. Суд ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти давлатӣ бояд ҳангоми баррасии парвандаҳо вобаста ба ҳуқуқи ноболиғон талаботи қонунгузорӣ ва манфиатҳои қонунии ӯро ба назар гирад.
Ҳамин тавр, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ ҳамчун низоми ягона ва ҳамоҳанг гардида фаъолияти давлат баромад менамоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва ноболиғон хусусияти байналмилалӣ касб намуда, ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, таҳлили кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ноболиғон бе баррасии санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ғайриимкон мебошад.
Бинобар ин, ҳамоҳангии қонунгузории миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ яке аз шартҳои муҳимми баланд бардоштани самаранокии низоми ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро барои эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон муқаррар намудааст. Меъёрҳои конститутсионӣ ҳуқуқҳои кӯдаконро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳуқуқҳои инсон эътироф намуда, давлатро барои таъмини кафолатҳои воқеии ҳифзи онҳо вазифадор менамоянд.
Дар ин замина, метавон таъкид намуд, ки аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқ ба ҳимояи ноболиғон пеш аз ҳама дар муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҳифзи кӯдак, муқаррар намудани уҳдадориҳои давлат ва падару модар, инчунин фароҳам овардани заминаи ташаккули механизмҳои соҳавии ҳифзи ҳуқуқии онҳо ифода меёбад.
Бобозода Муҳаммадҷон Маҳмаднаим
ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва муқовимат ба коррупсия. ДДҲБСТ.