Нақши президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди саноатикунонӣ
Истеҳсолоти саноатӣ яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ яке аз омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии давлат ба шумор меравад.
Танҳо тараққиёти саноатӣ ба давлат имконият медиҳад, ки ҳамаи захираҳои дохилӣ азхуд карда шавад ва барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа он равона карда шавад. Фазои нави сиёсӣ, ки пас аз соҳибистиқлол гардидан ба вуҷуд омад зарурияти тараққӣ додани саноатро талаб менамуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурӣ соли 2002 қайд намуданд, ки ба рушди саноат баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ғайриимкон аст.
Барои тараққиёти саноатӣ ҷумҳурӣ захираҳои бойи энергетикӣ, ашёи хом, захираҳои металлҳо ва қувваи корӣ дорад. Дар асоси пешниҳоди Президенти мамлакат соли 2003 Консепсияи тараққиёти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ба ғайр аз ин соли 2016 Стратегияи миллии тадқиқоти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 қабул карда шуд. Консепсияи тараққиёти саноатикунонии Тоҷикистон 4 ноябри 2003 карда шуд. Вазифаи асосии консепсияи тараққиёти саноатӣ – саноатикунонии бомароми мамлакат, гузаштан аз модели аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ва саноатро ба омили меҳварии иқтисодиёт табдил додан иборат мебошад. Ҳамчунин барои коркард намудани захираҳои маҳаллӣ ашёи хом, истифодаи маъданҳои кӯҳӣ, коркарди маҳорати хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда аз вазифаҳои асосии конвенсия муайян шудааст.
Бо дарназардошти боз ҳам рушд додани тараққиёти саноатии мамлакат ва пурзӯр намудани нақши он дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.
Бо мақсади боз ҳам ривоҷ додани сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар асоси Паёми Президенти ҷумҳурӣ аз 21 декабри соли 2021 солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон карда шуд. Дар солҳои татбиқи консепсияи тараққиёти саноат дар ҷумҳурӣ корхонаҳои ресандагию бофандагӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Чунончӣ, корхонаҳои ресандагии “Фарез” дар Фархор, Анку-Хуҷанд, Хуҷанд-Инвест –Коттон, корхонаи ҷӯроббарорӣ мебошанд.
Дар баробари корхонаҳои саноати сабук, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ сохта ба истифода дода мешуданд. Дар мамлакат корхонаҳои хурду калони истеҳсоли семент, хишт, регу шағал, коркарди санг сохта ба истифода дода шуданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 500 корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар баробари саноати сабук ва саноати масолеҳи бинокорӣ, саноати кӯҳӣ низ инкишоф ёфт.
Дар кӯҳу конҳои зеризаминии Тоҷикистон захираҳои сурма, мис, тилло, нуқра ва дигарҳо вуҷуд доранд. Соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони коргоҳ оиди истеҳсоли тилло, сурма ва металҳои ранга оғоз гардид. Бояд қайд намуд, ки номгӯи маҳсулоти саноатӣ низ дар корхонаҳои мамлакат сол аз сол зиёд гардида истодаанд.
Тавре Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қайд намуданд, соли 1991 дар корхонаҳои саноатии кишвар 85 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешул. Ҳоло ин нишондиҳанда аз 1400 гузашта беш аз 16 баробар зиёд гардидааст.
Дар 25соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ аз 4,1 млрд.сомонӣ соли 2000 ба 66,4 млрд. сомонӣ дар 2025 расид, қайд намуданд Эмомалӣ Раҳмон. Дар натиҷаи амалӣ гардидани консепсияи тараққиёти саноатӣ, стратегияи тараққиёти миллии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар ҷумҳурӣ саноати металлургӣ, мошинсозӣ, саноати сабук, саноати масолеҳи сохтмон ва дигарҳо инкишоф ёфтанд. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли сурма, мис, металлҳои алоҳида, техникаи кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти кабелӣ ва дигарҳо ба роҳ монда шуд. Ин имконият дод, ки воридоти баъзе молҳои саноатӣ аз берун ба ҷумҳурӣ оварда мешуда бо маҳсулоти ватанӣ иваз карда шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 қайд шудааст “захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳад, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, инчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва соҳаҳои саноати хӯрокворӣ саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад”.
Оре, саноатикунонӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо карда корхонаҳои нави саноатӣ бунёд карда шуда истодаанд. Чунин раванд барои ба мамлакати истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ табдил ёфтани ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, ки он яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати саноатикунонӣ ба шумор меравад.
Одинаев Алиҷон –
н.и.т., дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ. ДДҲБСТ