МЕХАНИЗМИ ҲУҚУҚӢ-БАРНОМАВИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии давлат қарор дода шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораҳои муқовимат ба коррупсияро пурзӯр ва амалӣ намуда истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суханронию ироаи паёмҳои худ оид ба масъалаи коррупсия дар кишвар, сатҳи ҷойдоштани он, андешидани чораҳои зарурӣ ва самарабахш оид ба муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб таъкид менамоянд. Чунончи, дар Паёми худ санаи 28.12.2024 таъкид намуданд, ки: «Сатҳи баланди таъмини пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад».
Масъалаи муқовимат ба коррупсия, омӯзишу таҳқиқи ҷанбаҳои алоҳидаи он дар ҳама давру замон мубрам мебошад. Дар замони муосир, бинобар сабаби ташаккул ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ ва афзудани амалҳои коррупсионӣ, дар сарораси ҷаҳон чораҳои муқовимат ба коррупсия пурзур гардида итсодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин падидаи номатлуб муқовимати оштинопазир бурда, чораҳои дахлдори ҳуқуқиро роҳандозӣ кардааст. Новобаста аз ин, дар самти мазкур ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёди ҳалталаб ҷой доранд, ки чораандешии таъхирнопазирро тақозо менамоянд. Аз ҷумла, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва самаранок набудани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, то ба дараҷаи зарурӣ самаранок набудани чораҳои пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб, дараҷаи пасти самаранокии чораҳои татбиқшаванда дар муқовимат ба коррупсия, мунтазам иҷро нашудани чораҳои муқарраргардидаи қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқсозӣ, то ба дараҷаи зарурӣ самаранок набудани чораҳои ҳуқуқӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқии татбиқшаванда ба шахсоне, ки дар содир намудани ин гуна кирдорҳо гунаҳгор дониста шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия падидаи нав набуда, заминаҳои меъёрию ҳуқуқии худро ҳануз аз низомҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ мегирад. Дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ қабул шуда, амал мекунанд, ки бо мақсади муқовимат ба коррупсия ва ҳолатҳои дигари мусоидаткунанда ба афзоиши он нигаронида шудаанд.
Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.
Низоми қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи бунёдӣ дошта, дар раванди инкишоф ва рушд қарор дорад. Дар ҷумҳурӣ се маротиба қонунгузории муқовимат бо коррупсия мукаммал гардида, 11 декабри соли 1999, №875 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (4 боб, 18 модда), баъдан дар таҳрири нав 27 июли соли 2005, №100 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (5 боб, 18 модда) ва ахиран 07 августи соли 2020, №1714 (7 боб, 36 модда) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул карда шуд. Ҳамзамон, доир ба масъалаи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 20 марти соли 2008, №374 қабул гардид.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 317, 318, 319, 320 ва дигар модаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки 31 – октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он номгӯйи чорабиниҳои муҳимми зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. То имрӯз зиёда аз 140 – давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-ментябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ бошад, таҳти мафҳуми калимаҳои “муқовимат/муқовамат – рў ба рў истода зиддият нишон додан ба касе (чизе); истодагарӣ, муқобилӣ” ва таҳти мафҳуми калимаи “мубориза – ҷанги дутарафа, муҳориба” нишон ва шарҳ дода шудааст.
Ҳамзамон, дар Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия калимаи муқовимат истифода гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаи 5 – сиёсат, амалияи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия ва дар моддаи 6 – мақом ё мақомот оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия маҳз сухан оид ба муқовимат ба коррупсия меравад.
Аз ин рў, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимми ҳуқуқие, ки тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳуқуқии кишварро муайян кардааст ва заминаи воқеию ҳуқуқӣ барои муқовимат ба коррупсия дар кишвар гардидааст ин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 мебошад. Дар ин ҳуҷҷат ишора шудааст, ки: «Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ба вуқўъ омадани шаклҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили коррупсия аз давлат талаб менамояд, ки қонунгузории ҷиноятиро давра ба давра такмил диҳад».
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор маротиба санади барномавии муайянкунандаи дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул карда шуданд.
Дар Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012»қайд гардида буд, ки: «Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад». Бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар то таҳияи ҳуҷҷати мазкур ду стратегияи дигарро дар кишвар амалӣ намуд, ки дар самти муқовимат ба коорупсия ва ҳолатҳои дигари ба он мусоидаткунанда, саҳми арзандаи ҳуқуқию амалӣ гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки стратегияҳои қабулгардида бо мақсади андешидани чораҳои маҷмуии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дар ин самт, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия ба тасвиб расиданд, ки дар доираи онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Вале мавҷудияти муқовимат ба коррупсия, хеле зиёд будани масъалаҳои назариявию амалӣ дар танзими муносибатҳои ҳуқуқии ба коорупсия ва кирдорҳои дигари зиддиҳуқуқии ба он алоқаманд, заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии барои рушди он мусоидаткунанда ва ҳолаҳои дигари дар ҷомеаи Тоҷикистони имрӯза аз он дарак медиҳад, ки мавзуи мазкур аз ҷиҳати назариявию ҳуқуқӣ таҳқиқ карда шавад. Инчунин, андешаҳои зикршуда ва тадбирҳои анҷомдодаи давлату ҳукумати кишвар мубрамияти масъалаи муқовимат ба коррупсияро ифода намуда, боиси гузаронидани таҳқиқоти маҷмуии диссертатсионӣ дар самти мазкур гардиданд, ки ҷанбаҳои назариявии таърихию муосирро фаро мегиранд.
Ҳамин тавр, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои муқовимат бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, баҳри пешгирии оқибатҳои манфии коррупсия ва муқовимат ба он хулосаҳоямонро дар шакли зайл пешкаш менамоем:
1. Коррупсия воситаест, ки барои рушди олами ҷиноятӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Ин ба паст гардидани воридшавии андоз ба буҷети давлат, интиқоли капитал ба хориҷи кишвар, душвор гардидани иҷрошавии вазифаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат оварда мерасонад. Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ин фаъолияти пайваста ва мунтазами ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муқовимат ба коррупсия мебошад. Сиёсати зиддикоррупсионӣ як самти сиёсати ҳуқуқӣ буда, дар доираи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Ин андеша аз он бармеояд, ки коррупсия падидаи зиддиҳуқуқӣ буда, субъекти содиркунандаи он мавриди ҷавобгарии ҳуқуқӣ қарор мегирад. Бинобар ин, омӯзиши падидаи мазкурро дар соҳаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба таври васеъ мушоҳида кардан мумкн аст. Бинобар ин, сиёсати давлатии ҳуқуқӣ бояд нуқтаи назари илмҳои мазкурро низ ба инобат гирифта, дар таҳияи чораҳои зиддикоррупсионӣ истифода намояд.
2. Механизми муосири рушд додани мафкураи зиддикоррупсиониро таҳия ва дар шакли барнома ва ё методологияи ояндабинона рӯйи кор овардан айнивақтӣ маҳсуб мешавад.
3. Ба воситаи ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ расонидан оид ба оқибатҳои ҳуқуқии даст задан ба кирдорҳои ношоями коррупсионӣ метавонад ба паст гардидани сатҳи он таъсири натиҷаоварро расонад.
4. Аз ҷониби ҷомеаи илмӣ ва аҳли зиёи кишвар таълиф намудани маводҳои илмӣ, таълимӣ, оммавӣ ва публитсистӣ роҷеъ ба муқовимат ба коррупсия метавонад барои ташаккул ва рушди маърифати зиддикоррупсионӣ мусоидати натиҷанок дошта бошад.

Қодирзода Мирзоқодир Аюб, н.и.ҳ., дотсент,

мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ. ДДҲБСТ

Каримзода Карим Муиниддин,

ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ. ДДҲБСТ

You might also like