Саноатикунонӣ-омили асосии рушди иқтисоди миллӣ
Аз замони соҳибистиқлолиаш Тоҷикистон сиёсати худро дар самти беҳбудии соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла, рушди соҳаи саноат ба роҳ монда, баҳри аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъмини нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26.12.2018) саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Баҳри расидан ба ҳадафи олии кишвар барои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон иқтидорҳои истеҳсолӣ фаровон мебошанд. Ҳамзамон, дар марҳилаи нави рушди иқтисоди миллӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷӯҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуда, нишондиҳандаҳои истеҳсолоти соҳаи саноат сол то сол зиёд гардааст.
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ дар заминаи имкониятҳою иқтидорҳои истеҳсолии ватанӣ, ҳадафҳои стратегӣ ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар амал карда истодааст, ки ҳоло давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи кишвар баҳри татбиқи ин ҳадафҳо камари ҳиммат бастаанд. Саноатикунонӣ, ки ҳадафи чоруми кишвар пешниҳод гардид, имконият медиҳад, ки ашёи хоми ватанӣ саривақт ва беталаф коркард шавад, аҳолии мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин шавад, бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании арзону босифат ғанӣ гардад ва воридоти молу маҳсулот аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад. Дар натиҷа маҳсулоти озуқавории ватанӣ истеҳсол гардида, амнияти озуқаворӣ таъмин карда мешавад. Хушбахтона ин раванд марҳила ба марҳила бо дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ амалӣ гашта истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, агар соли 2010 дар кишвар ҳамагӣ 1368 корхонаҳои саноатӣ бо 53 ҳазор кормандон ба қайд гирифта шуда бошад, дар даҳ соли охир шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 адад ва шумораи кормандон ба 75 ҳазор нафар расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 соли оянда бояд шумораи корхонаҳо ба 4500 адад расонида шавад. Барои расидан ба ҳадафи мазкур дар қаламрави мамлакат захираҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, ашёи хом, қувваи корӣ ва фазои сармоягузорӣ мавҷуд мебошанд.
Вобаста ба ин, ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мешавад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 4017 корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2000-ум ҳамагӣ 1329 ададро ташкил медод, яъне дар ин давра шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз се маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ босуръат афзуда, барои таъмини нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ва рушди иқтисоди миллӣ бештар мусоидат менамояд. Хусусан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти пахта ва масолеҳи сохтмонӣ истеҳсолоти саноатии кишвар рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Дар ин ҷода, қайд кардан ба маврид аст, ки системаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва соҳаи саноат пас аз ҷанги шаҳрвандию ҳодисаҳои нанговари солҳои аввали истиқлолият аз фаъолият бозмонд. Аммо тадриҷан ва бо талошу заҳматҳои Роҳбари хирадманди кишвар Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта баргашта, иқтисодиёт ба маҷрои рушд равона гардид. Ҳоло мо раванди саноатикунонии кишварро бо қадамҳои мантиқии рушди иқтисодӣ ва зина ба зина омодашавӣ ба тақвият додани соҳаи саноат мушоҳида карда метавонем.
Инчунин, рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустиалию аграрӣ табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад. Барои ба кишвари индустиалӣ табдил ёфтан пеш аз ҳама мавҷудияти ду омили асосӣ – манбаи энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, ин омилҳоро таъмин карда, заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум ба ҳисоб меравад. Дар эълон гардидани ҳадафи чорум мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешбурда мубаддал кардани Тоҷикистон ҳис мекунем.
Хулоса, дар асоси гуфтаҳои боло метавон роҳҳои татбиқи ҳадафи чоруми кишвар, саноатикунонии босуръати мамлакат, бо истифода аз дастовардҳои замони истиқлол дар самти соҳаи саноат ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ муайян намуд. Инчунин нишондиҳандаҳо вобаста ба нақши саноати коркард дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар замони муосир инъикосгари зинаҳои асосии саноатикунонии кишвар мебошад. Дар ояндаи наздик бо истифода аз иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии мамлакат ва рушди инфрасохтори комплекси агросаноатӣ, ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ зиёд, ҳадафи стратегии кишвар таъмин гардида, Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи маҳсулоти саноатӣ ба содироткунандаи он табдил хоҳад ёфт.
Солиев Ҳомидҷон Абдуманнонович-
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти
кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ