ДДҲБСТ: НАҚШИ САНОАТИКУНОНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ КИШВАР
30 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши саноатикунонӣ ҳамчун омили рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарият ва устодону омӯзгорони Донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Донишгоҳ Фурқат Ҳомидзода суханронӣ намуда, аҳаммияти стратегии саноатикунонии босуръатро дар рушди иқтисоди миллӣ таъкид кард.
Қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва рақобати шадиди бозорҳои ҷаҳонӣ саноатикунонӣ яке аз самтҳои калидии таъмини рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва истеҳсолии мамлакат, инчунин афзоиши иқтидори содиротӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғафуров Мирзоғуфрон вобаста ба аҳаммияти саноатикунонӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат андешаронӣ намуданд.
Дар идомаи конференсия як қатор олимону муҳаққиқон ва намояндагони сохторҳои илмии донишгоҳ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Аз ҷумла, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Санавварзода Ғолибҷон дар мавзуи «Баъзе масъалаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқию конститутсионии сиёсати саноатикунонии мамлакат, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии рушди соҳаи саноат ва нақши танзими давлатӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварро мавриди таҳлил қарор дод.
Сипас, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳ, номзади илмҳои таърих Одинаев Алиҷон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати саноатикунонии мамлакат» суханронӣ карда, нақши роҳбарияти олии кишварро дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди саноат, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ баррасӣ намуд.
Дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнес, номзади илмҳои иқтисодӣ Солиев Ҳомидҷон дар мавзуи «Саноатикунонӣ – омили асосии рушди иқтисоди миллӣ» маърӯза намуда, масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, рушди корхонаҳои саноатӣ ва саҳми онҳо дар таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва таъмини шуғли аҳолиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, дотсенти кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ Раҳимова Нигора дар мавзуи «Фаъолияти инвеститсионӣ – омили муҳими рушди саноатикунонии минтақа» баромад намуда, аҳаммияти ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодии минтақаҳоро шарҳ дод.
Дар рафти маърӯзаҳо таъкид гардид, ки расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат тақозо менамояд, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ тақвият дода шавад. Зеро омодасозии мутахассисони соҳибкасб, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди инноватсия ва истифодаи дастовардҳои илм дар истеҳсолот аз омилҳои муҳими пешрафти соҳаи саноат маҳсуб меёбанд.
Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ барои таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодию ҳуқуқии ҷомеа ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









