ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДДҲБСТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАОРИФИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
28 октябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид.
Дар кори форум ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода ва сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмилалии донишгоҳ Комилҷон Шарипов иштирок намуданд.
Ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа баргузор гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самтҳои маориф, илм ва инноватсия равона гардид.
Зимни форум масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштироки намояндагони ДДҲБСТ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа, табодули таҷрибаи пешқадам ва муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкориҳои илмию таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





