ДОИР НАМУДАНИ МУРОФИАИ СУДӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ
Ба ифтихори Рӯзи кормандони хокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи хукуки суди ва назорати прокурори бо донишҷӯёни курси 3 гурухи русии факултети хукукшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мурофиаи судии таълимӣ оид ба баррасии парвандаи мадани баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, инчунин шиносоӣ бо тартиби баррасии парвандаҳо дар мақомоти судӣ ташкил карда шуд.
Зимни баргузории мурофиаи судии таълимӣ донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, бо тартиби гузаронидани мурофиа, нақши иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва риояи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда шинос гардиданд.
Чунин иқдомҳо дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ, рушди тафаккури ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбии донишҷӯён аҳаммияти муҳим доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


