ДДҲБСТ: БАРГУЗОРИИ XIV НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЪЛИМИИ «ТОҶИКИСТОН – РОССИЯ 2026»

25 октябри соли 2026 дар бинои таълимии №5-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд XIV Намоишгоҳи байналмилалии таълимии «Тоҷикистон – Россия 2026» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ роҳбари Маркази фарҳанги Россия — Россотрудничество Андрей Валерьевич Патрушев, роҳбари «Русский дом» дар шаҳри Хуҷанд Татьяна Степанова ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Абдуҷаббор Мӯминзода иштирок намуданд.
Дар доираи намоишгоҳ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия барномаҳои таълимӣ ва имкониятҳои таҳсилро ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён ва волидон муаррифӣ карданд. Иштирокдорон оид ба ихтисосҳо, шарту тартиби қабул, имкониятҳои истифода аз квотаҳои давлатӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва аспирантура, инчунин шароити зист дар хобгоҳҳои донишгоҳҳо маълумоти муфассал гирифтанд.
Баргузории чунин намоишгоҳҳо барои ҷавонон имконияти мусоид фароҳам меорад, то бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия, самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон ва имкониятҳои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар аз наздик шинос шаванд.
Намоишгоҳи байналмилалии таълимии «Тоҷикистон – Россия 2026» дар таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф, рушди мубодилаи академӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like