Меҳргон – ҷашни меҳру хурсандӣ ва худшиносии миллӣ
Миллати тоҷик аз ҷумлаи миллатҳои куҳанбунёди эронитабор ва соҳибтамаддуни ҷаҳон ба шумор рафта, дар тӯли ҳазорсолаҳо арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои неки инсонӣ ва ҷашну маросимҳои анъанавиву миллии худро ҳифз намудааст ва то замони мо расонидааст. Дар миёни ин ҳама мероси гаронбаҳо ҷашни Меҳргон мақоми махсусро дорост. Меҳргон на танҳо ҷашни ҳосилғундориву фаровонии неъматҳои табиат, балки таҷассумгари меҳру муҳаббат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, заҳмати ҳалол, шукргузорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ маҳсуб мегардад.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи рушди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва эҳёи суннатҳои ниёгон қарор дорад, омӯзиш ва тарғиби ҷашнҳои бостонии гузаштагон, аз он ҷумла Меҳргон, аҳамияти бузурги маънавию фарҳангӣ, тарбиявию ахлоқӣ пайдо кардааст. Зеро ҳар миллате, ки гузаштаи худро мешиносад, ба фарҳангу тамаддуни худ арҷ мегузорад ва аз таҷрибаи таърихии ниёгонаш сабақ мегирад, метавонад ояндаи худро бо эътимоду боварӣ ва масъулияти бештар бунёнгузорӣ намояд.
Меҳргон ҷавононро ба андешае раҳнамун месозад, ки фарҳанги миллӣ танҳо ёдгории гузашта нест, балки мактаби зиндаи ахлоқу маърифат, худшиносиву худогоҳӣ барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Пайдоиш ва решашиносии вожаи «Меҳргон» ба давраҳои бостон ва тасаввуроти фарҳангию эътиқодии мардумони қадим иртибот дорад.
Аз нигоҳи этимологӣ, вожаи «Меҳргон» бо вожаи «меҳр» алоқаманд мебошад. «Меҳр» дар забонҳои эронии бостон бо номи Митра/Miθra иртибот дошта, мафҳумҳои аҳду паймон, вафодориву меҳрубонӣ ва робитаҳои устувори иҷтимоиро ифода мекард. Дар анъанаҳои баъдии эронӣ ин калима инчунин маъноҳои дӯстӣ, муҳаббат, рӯшноӣ ва офтобро ба худ касб намудааст. Номи ин ҷашн дар шакли форсии миёнаи «Миҳрагон» /Mihragān низ маълум шудааст. Пасванди эронии «-гон» дар таркиби номи ҷашн ба шаклҳои таърихии «-agān» робита дошта, дар номгузории ҷашну маросимҳо корбаст мешудааст. Аз ин рӯ, Меҳргонро метавон ҷашни марбут ба Меҳру муҳаббат ва арзишҳои рамзии он маънидод намуд. Бояд таъкид намуд, ки маънои этимологии «меҳр» танҳо бо муҳаббат маҳдуд намешавад. Дар фарҳанги бостонӣ Меҳр рамзи садоқат ба аҳд, ростқавлӣ, адолат ва ҳифзи муносибатҳои неки инсонӣ низ ҳисобида шуда, маҳз ҳамин хусусиятҳо ба ҷашни Меҳргон мазмуни амиқи ахлоқию тарбиявӣ бахшидаанд. Дар ривоятҳои бостонии асотирӣ, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, Меҳргон бо пирӯзии шоҳ Фаридун бар Заҳҳоки хунхор пайванд дода мешавад. Ин ривоят аз ҷиҳати маънавӣ пирӯзии адолат бар зулм, некӣ бар бадӣ ва озодӣ бар истибдодро таҷассум менамояд. Аз ин ҷиҳат, Меҳргонро метавон на танҳо ҷашни табиат ва ҳосилғундорӣ, балки ҷашни ғолибияти арзишҳои инсонӣ ва ахлоқи нек низ донист. Яке аз муҳимтарин вижагиҳои ҷашни Меҳргон робитаи ногусастании он бо меҳнати инсон ва неъматҳои табиат ҳисобида мешавад. Аз замонҳои дури таърихӣ мардуми тоҷик заминдорию кишоварзиро яке аз сарчашмаҳои асосии рӯзгор ва ободии ҷомеа медонистанд. Ҷашни Меҳргон дар фасли тирамоҳ, дар вақти ҷамъоварии ҳосил, ҳамчун рамзи сипосгузорӣ аз самараи меҳнат таҷлил мегардид.
Дар ин ҷашн мардум дастархони идона ороста, меваҳои рангорангу гуногун, ғалладонаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар неъматҳои табиатро ба намоиш мегузоштанд. Ин анъанаи суннатӣ танҳо ифодаи фаровонӣ набуда, балки нишонаи эҳтиром ба деҳқону заминдор, қадршиносии меҳнати ҳалол ва сипосгузорӣ аз ризқу рӯзӣ мебошад. Меҳргон ба инсон қадрдонии неъматро меомӯзад, ки бе заҳмат ба даст намеояд. Ҳар донаи гандум, ҳар меваи пухта ва ҳар дастархони обод натиҷаи кӯшишу ғайрат, сабру таҳаммул ва меҳнати пайвастаи инсон мебошад. Ин паём барои ҷавонони имрӯза аҳамияти махсус дорад, зеро дар шароите, ки технологияҳои муосир ва имкониятҳои нави иқтисодӣ тарзи зиндагии ҷомеаро тағйир медиҳанд, насли ҷавонро зарур аст арзиши меҳнатро фаромӯш насозад.
Дигар ин ки ҷашни мазкур тарбияи экологӣ ва фарҳанги шукргузориро ба ҷавонон тақвият мебахшад. Меҳргон ба мо ёдрас мекунад, ки табиат танҳо манбаи истеъмол нест, балки сарвати умумии наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Ҳифзу нигаҳдории об, пешгирии ифлосшавии муҳити зист, сарфакорӣ ва эҳтиром ба заҳмати кишоварзон бояд ба ҷузъи фарҳанги рӯзмарраи ҷавонон табдил ёбад.
Таҳияи мақолаҳои тарбиявӣ, илмӣ-оммавӣ, наворҳои маърифатӣ бо забони тоҷикӣ метавонад барои баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангии ҷавонон нақши назаррас мегузорад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки эҳёи суннатҳои бостонӣ танҳо бо баргузории чорабиниҳои идона маҳдуд намешавад. Моҳияти аслии ҷашн дар он аст, ки арзишҳои он дар рафтору кирдор ва муносибатҳои ҳаррӯзаи инсон, аз ҷумла донишҷӯён таҷассум ёбанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи ҷашнҳои миллӣ мазмуну аҳамияти тоза пайдо намудааст. Таҷлилу баргузории Меҳргон дар баробари Наврӯз, Сада ва Тиргон имконият фароҳам меорад, ки ҷомеа бо решаҳои асили таърихии худ робитаи устувору ногусастанӣ дошта бошад. Рӯйдоди муҳими фарҳангӣ он аст, ки соли 2024 ҷашни Меҳргон бо пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Феҳрасти репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид. Эътирофи байналмилалии ҷашни Меҳргон барои ҷавонони тоҷик ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти боарзиш аст. Зеро ҳифзи мероси фарҳангӣ танҳо вазифаи муассисаҳои давлативу мактабҳо ва пажӯҳишгарон нест. Ҳар як ҷавон метавонад дар шинохт, омӯзиш, тарғиб ва ба наслҳои оянда расонидани ин мерос саҳмгузор бошад.
Ҳамин тавр, меҳргон яке аз арзишмандтарин ёдгориҳои фарҳанги маънавии мардуми тоҷик буда, дар худ таърих, ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, меҳнатдӯстӣ, меҳр ва муҳаббат ба табиатро таҷассум менамояд. Бигзор Меҳргон барои ҳар як ҷавони Тоҷикистон рамзи меҳри Ватан, садоқат ба арзишҳои миллӣ, масъулият дар назди ҷомеа ва талош барои ояндаи ободу дурахшони кишвар бошад!
Саломова Дилафруз Иномовна,
асссистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик. ДДҲБСТ