35 соли саодат

    «Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрўз ҳамқадами дигар кишварҳои мутараққии олам ба сўйи ояндаи дурахшону ободи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад».  Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои ҳар халқу миллат аз дастовардҳои бузургтарину муқаддаси таърихӣ маҳсуб меёбад. Барои халқи тоҷик низ, ки таърихи ғании якчандҳазорсола, фарҳанги бою нотакрор ва суннатҳои қадимаи давлатдорӣ дорад, соҳибистиқлолӣ мақоми махсус дорад.
Пас аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ, барои миллати тоҷик имконият фароҳам гардид, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд, арзишҳои миллӣ ва давлатдории худро эҳё кунад ва дар байни мамолики дунё ҳамчун давлати соҳибихтиёр мавқеи худро пайдо намояд.
Ин мазмун аз  суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст».
Истиқлоли давлатӣ нишони олии Ватану ватандорӣ буда, моро бузургтарин неъмати давлатдории мустақил, кору пайкори пайвастаи бунёдкориву созандагӣ, талошҳои суботкоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонд. Аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки дар харитаи ҷаҳон давлати нав бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуда, минбаъд сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Амалишавии  сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ба марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва ташаккули ҷомеаи навин замина гузошт.
Ба шарофати истиқлол ва дастовардҳое, ки мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварданд, мавқеи ҷумҳурӣ, тавре ки мушоҳида мегардад, дар минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардид. Бо вуҷуди ин, дар марҳилаи имрўза низ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои эмин доштани мамлакат ва шаҳрвандон аз омилҳои хатарнок, ба монанди экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва монанди инҳо, ки метавонанд авзои ҷомеа ва минтақаро халалдор созанд, корҳои назаррасро анҷом дода истодааст. Бояд гуфт, ки таъмини амният ва ҳаёти осоишта вазифаи танҳо мақомоти қудратӣ нест, он бояд вазифаи ҳар як узви ҷомеа бошад, зеро дар ин маврид сухан дар бораи амният ва ҳаёти осудаи ҳар яки мо меравад. Мо бояд дар мубориза бар зидди омилҳои пурхатар муттаҳид бошем, нагузорем ки ба пояҳои ваҳдати мардуми кишвар рахна роҳ ёбад.
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мамлакат на танҳо мафҳумҳои сиёсӣ, балки арзишҳои муҳимми иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошанд. Маҳз дар фазои сулҳу субот имконият пайдо гардид, ки сохтори давлатдорӣ таҳким ёбад, муассисаҳои давлатӣ бо фаъолияти муназзам машғул гарданд ва барномаву стратегияҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қабул ва мавриди амал қарор гиранд.
Бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва қабул гардидани ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» омили муҳимми бақои башарияту мамолики олам будани сулҳу амниятро собит месозад.
Қатънома зарурати ҳифзу таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ намудани сар задани низоъҳо, тарғибу тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши муколамаи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун асоси таъмини зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
Масъалаи дигаре,  ки дар даврони истиқлол роҳбарияти давлат ба он таваҷҷуҳи хоса медод, рушди иқтисоди миллӣ буд. Минбаъд Ҳукумати мамлакат вобаста ба коркард ва истифодаи ҳадафманди захираҳои табиӣ, тараққиёти соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо тадбирҳои муфидро роҳандозӣ намуд.
Дар ин давра бунёд ва ба фаъолият шурӯъ намудани иншооти энергетикӣ низ аз самтҳои муҳимми рушди иқтисодӣ муайян гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ буда, рушд ёфтани соҳаи гидроэнергетика барои иқтисодиёти кишвар аҳаммияти стратегӣ дорад. Пешрафти ин соҳа метавонад барои таъмини мунтазами неруи барқ, рушди саноат ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мусоидат намояд.
Ҳанўз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо назардошти он ки ба низом даровардан ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва ба ин васила баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, барои бо ҳам пайваст намудани минтақаҳои кишвар ва васеъ намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аҳамияти калон доранд, ба сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо эътибори зарурӣ медод.
Дар ин радиф, солҳои охир ба рушди соҳаи саноат ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватании воридотивазкунанда таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Дар Паёми Сарвари давлат соли 2026 зикр шудааст, ки барои истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони ҳазорон иншооту биноҳо ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо аллакай ба истифода дода шудаанд.
            Самти дигаре, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад, соҳаи маорифу илм мебошад. Таърих борҳо собит сохтааст, ки дар пешрафти ҳар як давлат маориф нақши ҳалкунанда дорад, зеро ояндаи давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ, малака ва маърифати насли ҷавон вобастагӣ дорад. Маҳз ба ҳамин масъала ишора намуда, Пешвои миллат чунин қайд кардаанд: «Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлат буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад. Маҳз омўзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомўзӣ ва худшингосиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд».
Дастоварди дигари муҳимми 35 соли истиқлол ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ мондааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавқеи фаъолро ишғол намудааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба об ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ низ матраҳ шуданд. Бояд гуфт, ки мавқеи байналмилалии давлат танҳо бо фаъолияти сиёсӣ маҳдуд намешавад. Иштироки фаъолонаи варзишгарон, олимон, ҳунармандон ва намояндагони фарҳанги Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ низ барои муаррифӣ намудани кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Дар Паёми шодбодӣ ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, аз 22 майи соли 2026 Пешвои миллат чунин гуфта буданд: «Бо ифтихор иброз менамоям, ки ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир иштироки фаъол доранд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанўз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, касбомўзӣ, варзиш, соҳибкорӣ, яъне ба хотири мавқеи шоиста пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуда истодааст».
Бо назардошти ин гуфтаҳои Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз дастовардҳои технологияҳои муосир ва имкониятҳои ҷаҳони рақамӣ самаранок истифода баранд. Дар баробари ин онҳо бояд забон, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро ҳифзу эҳтиром намоянд.
35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор аст. Мавқеи имрўзаи кишвари азизамон, ҳаёти амну осуда моро вазифадор мекунанд, ки беш аз пеш, бо масъулияти баланд таърихи худро омўзем, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро қадр ва  афзун созем ва барои наслҳо минбаъда давлати ободу осударо ба мерос гузорем.

 

Азиза Ниёзова,

н.и.т., муаллими калони

кафедраи сиёсатшиносӣ

You might also like