Забон – муқаддасот ва рукни муҳимми фарҳангу маданияти миллӣ
Имрўзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон ид болои ид аст. Зеро дар ин рӯзҳои пурфайзу фараҳбахш тибқи қонунгузории кишвар, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ду ҷашни фархунда – Рӯзи омӯзгорон (якшанбеи аввали моҳи октябр) ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – санаи 5-уми октябр бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Муҳимият ва моҳияти забон барои ҷомеаи мутамаддин дар он зоҳир мегардад, ки он нишонаи боризи давлатдорӣ ва мустақилияти миллӣ маҳсуб гардида, яке аз рукнҳои муҳими давлати мутамаддин ва мустақил арзёбӣ мешавад. Имрӯзҳо, маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ мақом ва мартабаи забон дар пешрафти давлату ҷомеа хеле равшан эҳсос гардида, ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдории миллӣ арҷ гузошта мешавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кулли мардуми кишвар шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони нобу шоиронаи тоҷикӣ гардиданд. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи кишвар дарҷ гардид ва бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» он таҳти ҳимояи давлат ба марҳалаи нави рушду такомули худ ворид шуд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт пайваста тадбирҳоеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештари мақоми забони давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, 28 ноябри соли 2020, таҳти рақами 647 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои то соли 2030» тасдиқ гардид, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад. Барномаи мазкур идомаи тадбирҳои судманд дар рушди забони давлатӣ буда, қабл аз ин чунин барнома бо қарори Ҳукумати мамлакат барои солҳои 2012- 2016, таҳти рақами 335, аз 30 июни соли 2012 ба тасвиб расида буд ва натиҷаҳои хуб дар самти рушду такомули забони давлатӣ рўи кор овард. Санадҳои мазкур маҷмуи чорабиниҳоро барои рушди марҳила ба марҳилаи забони давлатӣ муайян ва мушаххас намуда, мо соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ баҳри татбиқи он кӯшиш ба харҷ диҳем. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мо тоҷикон аст. Аз ин рӯ, мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад”. Маҳз самараи таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба ин ганҷинаи бебаҳои маданият ва фарҳанги миллист, ки натиҷаҳои таҳқиқоти фарогир ва пурмуҳтавои Роҳбари давлат дар бахши забон, шинохти таърих ва асолати миллии он, нақши забон дар рушду такомули давлатдории миллӣ дар намуди китоби безаволи “Забони миллат – ҳастии миллат” рўи чоп омад ва дастраси кулли мардуми кишвар ва аҳли илм гардид. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ҳанўз соли 2008 эълон гардидани Соли бузургдошти забони тоҷикӣ дар самти густариши заминаҳои меъёрии забон ва таҳкими ҳамаҷонибаи мавқеи иҷтимоии забони давлатӣ омили муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад.
Дар баробари ин, донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне забони тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд. Зеро, бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад. Барҳақ таъкид шудааст, ки яке аз сарчашмаҳо ва пойдевори худогоҳиву худшиносии миллӣ ин забони модарӣ аст ва нақши забони миллӣ дар ташаккули тафаккури миллӣ хеле муассир арзёбӣ мешавад. Яъне забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон буда, вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, сатҳи забондонии хешро пайваста сайқал бахшем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, «Забон омили муҳимми якдигарфаҳмии одамон ва пайванддиҳандаи риштаҳои дўстиву бародарии халқҳост. Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст».
Нақш ва мақоми бузурги забон дар рушду тараққиёти ҷомеа ва пешрафти тамаддунҳо боз дар он зоҳир мегардад, ки Рўзи байналмилалии забони модарӣ бо қарори Сессияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО моҳи ноябри соли 1999 таъсис дода шуда, ҳамасола санаи 21-уми феврал шуруъ аз соли 2000-ум бо мақсади ҳифз ва нигоҳдошти гуногунии захираи забонӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳон васеъ таҷлил мегардад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарори эълони Рўзи байналмилалии забони модариро дастгирӣ намуда, аз кулли давлатҳои аъзои ин созмон даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати ҳифзи забонҳои халқҳои мухталифи дунё мусоидат намоянд.
Имрўзҳо дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил гардидани силсилаи муқаддасот ва арзишҳои моддиву маънавии миллиамон ифодагари сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ маҳсуб гардида, маҳз ҳамин гуна муносибат ва арҷгузориро нисбати арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аз ҳар нафар фарди бедордили кишвар тақозо менамояд. Забон, ки аз рукнҳои муҳимми маданияти башарӣ маҳсуб мегардад, барҳақ падидаи беназирест, ки рушду нумуи инсониятро бидуни он тасаввур кардан имкон надорад.
Имрўзҳо ҷомеаи кишвар, аз ҷумла омӯзгорон дар мақоми саодат ва арҷгузорӣ аз бузургдошти арзишҳои маънавӣ, миллӣ ва умумибашарӣ кору фаъолият доранд. Дар ин мақом нақш ва мавқеи таълиму тарбияи ҷомеа, махсусан насли наврас ва дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ифтихори ватандорӣ хеле ва хеле муассиру равшан эҳсос мешавад. Падидаи мазкур аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар баробари дигар арзишҳои миллиамон забонро ҳамчун рукни муқаддас ва арзишманд гиромӣ дорем ва барои рушду такомул, ҳифзу омўзиши забонҳо ва аз ҷумла забони модарии худ, яъне забони давлатӣ, покизаву тоза нигоҳ доштани он пайваста талош варзем. Тавре бузургон таъкид медоранд:
Дар ҷаҳон ҳар миллатеро зинда медорад забон,
Бо забон пайванд мегирад замоне бо замон.
Рустамов Шавкат, н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забон ва
адабиёти тоҷики ДДҲБСТ