ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН
Иштироки фаъолонаи ҷомеаи ДДҲБСТ дар паради ҳарбӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуд.
Иштироки намояндагони Донишгоҳ дар ин чорабинии муҳими давлатӣ нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватан ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву давлатдории миллӣ мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар таъмин гардид.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ фаъолияти худро идома хоҳад дод.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






