ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ ДДҲБСТ ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои гуногуни идона ва фарҳангиву сиёсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардида истодаанд.
Дар доираи ин чорабиниҳои бошукӯҳ ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар роҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона ва густурда намуд.
Дар роҳпаймоии идона беш аз ҳазор нафар устодону кормандони Донишгоҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми садоқат ба Ватани азиз ширкат варзида, аз хиёбонҳои шаҳр бо қадамҳои устувор ва чеҳраҳои саршор аз шодиву фараҳ гузаштанд.
Иштирокчиён дар даст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои дорои мазмунҳои ватандӯстона, табрикотӣ ва ифодагари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дошта, бо самимияти хос муҳаббату садоқати хешро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ифода намуданд.
Ҳамзамон, аҳли Донишгоҳ бо эҳсоси баланди ифтихору сипос муҳаббат ва садоқати самимии худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, саҳми арзандаи Сарвари давлатро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди устувори кишвар ва ободии Ватани маҳбуб арҷгузорӣ карданд.
Иштироки густурдаи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ дар ин чорабинии муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ бозгӯи эҳтироми устодону кормандон ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
Роҳпаймоии идона дар фазои тантанавӣ, дӯстиву ҳамдилӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, дар он ҳисси ваҳдату ягонагӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва муҳаббат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври возеҳ таҷассум ёфт.
35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту созандагӣ ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол, дар пешрафту ободии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузошта, таҳти сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои бозҳам ободу осуда қадам мегузорад

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

.

 

 

 

You might also like