Аз камбудии майдатарин…
Ҷавонон табақаи бонуфузи захираҳои меҳнатӣ, ҳимоягари манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омилҳои асосии таъмини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. .
Ҷавононро зарур аст, ки пайравии расму оинҳои хурофотпарастӣ нашуда, кушиш намояд, то ҳамқадами замона бошад ва аз дастовардҳои беназири илмию техникӣ бархуддор гарданд.
Дар ин вақту замон терроризм ва экстремизим яке аз масъалаҳои бузурги хусусияти ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти кишарҳои ҷаҳон таҳдид менамояд, ки Тоҷикистон низ яке аз ин кишварҳо мебошад.
Саволе ба миён меояд, ки чаро баъзе аз ҷавонон зуд фирефтаи доми гуруҳҳои экстремистиву террористӣ мешаванд?
Ба миён омадани чунин ҳолат, ба таҳаллуқаву таҳрик даромадани бархе аз сокинон бояд дар хотир дошт, ки ва истифодаи ин вазъият, бадномкунии давлат аз ҷониби мухолифон, ҳамаслакони ТТЭ ҲНИ моро ҳушдор медиҳанд, ки бояд зиракиро аз даст надиҳем ва манфиати давлату миллатро боло гузорем .
Бояд дар хотир дошт, ки душманони миллат майдатарин камбудӣ ва ё норасоиро интизоранд, ки миёни мардум нофаҳмиро афзоянд ва мушкилии ҷомеаро ба манфиати хеш равона созанд, фирефтаи чунин дасисаҳо нашудан вазифаи аввалини ҳар кадоми мост .
Баҳри беҳбудии рузгори халқ ва боло рафтани сатҳи зиндагӣ, амали гардонидани нақшаҳои стртегаи мамлакат,таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ шаҳрвандон ва ҳукумати мамлакат дастгирии мардум муҳим аст.
Сулҳи гаронбаҳои Тоҷикистон шоистаи таҳсини оламиён гардид мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем.
Маъмуров А. – н.и.и., дотсенти кафедраи
андоз ва андозбандии ДДҲБСТ