ДДҲБСТ: Ваҳдати миллӣ – омили муҳимми рушди давлат ва ҷомеа

11 июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – омили муҳимми рушди давлат ва ҷомеа», бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Конференсияро ректори Донишгоҳ, Шероз Мӯминзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Ваҳдати миллиро барои давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон таъкид кард. Зимни суханронии худ ӯ қайд намуд, ки дар таърихи ҳар як миллат воқеаҳое вуҷуд доранд, ки на танҳо сарнавишти як давра, балки тақдири наслҳои ояндаро муайян месозанд. Барои мардуми Тоҷикистон чунин рӯйдоди сарнавиштсоз маҳз расидан ба Ваҳдати миллӣ мебошад.
Ректори Донишгоҳ илова кард, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо як воқеаи сиёсӣ набуда, арзиши муқаддас, дастоварди нодири таърихӣ ва неъмати гаронбаҳое мебошад, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат ба даст омадааст. Мӯминзода Ш.А. нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот ва барқарории ризоияти миллӣ махсус арзёбӣ намуд.
Дар идомаи кори конференсия маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ, дотсент Манзура Ҳомидова дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – омили рушди давлатдории навин», профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ Абдулатиф Раҳимов дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – заминаи муҳимми рушди устувори иқтисодиёти кишвар» ва мудири кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ Мирзоқодир Қодирзода дар мавзуи «Нақши бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Ваҳдати миллии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи сулҳу ризоияти миллӣ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтаанд. Зикр гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо эътироф гардидааст.
Иштирокчиёни конференсия инчунин масъалаҳои марбут ба таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нақши ваҳдат дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии миллӣ метавон рушди устувори давлат, пешрафти иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуд.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                         Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like