Мавқеи ҷавонон дар татбиқи сиёсати зидди коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои охир коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин раванд ҷавонон ҳамчун неруи пешбаранда ва қишри фаъоли ҷомеа нақши муҳим доранд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ метавонад ба таҳкими қонуният, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи муқовимат ба коррупсия ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимми давлатӣ муайян гардидааст. Давлат барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои махсусро қабул намудааст. Дар баробари мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми шаҳрвандон, ҷавонон низ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ нақши муҳим доранд. Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа метавонанд дар ташаккули муҳити шаффоф, адолатнок ва қонунмеҳвар саҳми арзанда гузоранд.
Коррупсия аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънои вайронкунӣ, фасод ва суиистифода аз мансабро дорад. Тибқи маънои ҳуқуқӣ, коррупсия истифодаи ғайриқонунии ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад.
Шаклҳои асосии коррупсия инҳоянд:

  • ришвахорӣ;
  • суиистифода аз мансаб;
  • порагирӣ;
  • хешутаборбозӣ;
  • азонихудкунии маблағҳои давлатӣ;
  • истифодаи мақом барои манфиатҳои шахсӣ.

Коррупсия метавонад дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ зуҳур намояд. Олимон коррупсияро ҳамчун бемории иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд, зеро он ба ахлоқ, фарҳанг ва муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷавонон қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва ояндаи давлат ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, давлат барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла коррупсия, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими давлатдорӣ саҳми арзанда гузоранд.
Сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ равона шудааст. Дар татбиқи ин сиёсат ҷавонон метавонанд тавассути омӯзиши қонунгузорӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои маърифатӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва шаҳрвандӣ саҳмгузор бошанд.
Муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионии ҷавонон нақши муҳим доранд. Дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳо баргузор намудани семинарҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ ва вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат мекунад. Донишҷӯён бояд дарк намоянд, ки додан ё гирифтани пора на танҳо қонуншиканӣ, балки амали зиддиахлоқӣ мебошад.
Яке аз роҳҳои муҳимми иштироки ҷавонон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ истифодаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Тавассути ин воситаҳо ҷавонон метавонанд маърифати ҳуқуқиро тарғиб намуда, ҷомеаро ба риояи қонун ва мубориза бар зидди коррупсия даъват намоянд. Ҳамзамон, иштироки ҷавонон дар фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташаббусҳои шаҳрвандӣ барои таҳкими муҳити шаффоф ва одилона аҳамияти калон дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии заруриро фароҳам овардааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ барои коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ равона шудаанд. Бо вуҷуди ин, муваффақияти татбиқи ин сиёсат аз иштироки фаъоли тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон, вобастагӣ дорад.
Хулоса, ҷавонон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим ва масъулияти бузург доранд. Баланд будани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун, ростқавлӣ ва ҳисси баланди шаҳрвандӣ метавонад ҷавононро ба неруи асосии мубориза бар зидди коррупсия табдил диҳад. Танҳо бо иштироки фаъолонаи ҷавонон метавон ҷомеаи адолатпарвар, шаффоф ва озод аз коррупсияро бунёд намуд.

Мирзобаева Аниса Шӯҳратовна,
ассистенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ,
факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ, ДДҲБСТ

You might also like