Бемасъулиятии волидон омили костагии ахлоқи фарзандон
Инсоният дар давоми ҳаёташ ба гуруҳҳои гуногун ворид мешавад (гуруҳи дўстон, ҳамсинфон, ҳамкорон ва ғ.), аммо оила ягона гурўҳе ба шумор меравад, ки инсон аз рўзи таваллуд то ба охири зиндагиаш дар он мемонад. Мутафаккири франсуз Ж. Ж. Руссо зикр карда буд, ки яке аз ҷомеаҳои қадимтарин ин оила аст. Дар ҳақиқат, агар ба таърихи пайдоиши инсоният назар афканем, мебинем, ки оила чун институти аввалин ва ягона муносибатҳои байни зану мардро ба як тартиби муайян дароварда, муҳити солими беҳдоштӣ (гигиенӣ) ва иҷтимоиро барои инсон муҳайё мекунад. Аз нигоҳи аксарият, зери мафҳуми оила муносибатҳои байни зану шавҳар, хешутаборӣ ва фарзандӣ фаҳмида мешавад. Файласуфон, ҷомеашиносон ва равоншиносон оиларо гурўҳи хурди иҷтимоӣ-психологӣ ва яке аз ячейкаҳои муҳимми ҷомеа мешуморанд. Ба ақидаи сотсиологи франсуз Огюст Конт, “дар шароити лозима оила бояд тобеияти фарзандро ба волидайн аз рўи синну сол ва тобеияти занро ба мард аз рўи ҷинсият таъмин намояд”.Дар замони ҳозира ҳардуи ин нишондод хеле дигаргун гаштаанд. Ҷавонон бармаҳал аз хонаи падару модар ҷудо шуда, хоҳиши мустақилона зиндагӣ кардан доранд.
Ояндаи ҷомеа аз оилаи солим вобастааст. Оила ҳар қадар ки фарзанд ба дунё оварда, онҳоро тарбияи дуруст кунад, ояндаи волидайнаш дар даврони пирӣ аз он вобастагӣ дорад.
Аз рўзи қабули Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, муддати на он қадар зиёд гузашта бошад ҳам, мо, омӯзгорон ба хубӣ дарк намудаем, ки он имрўз дар таълим ва тарбияи насли наврас нақши муҳимме мегузорад. Зеро қабули ин қонун кори мо, омўзгоронро сабуктар гардонд.
Бояд қайд намоем, ки ҳарчанд қонуни мазкур имрӯз дар кишвар пиёда мегардад ва мардум аз он хуш истиқбол мекунанд, ҳастанд ҳанӯз ҳам нафароне, ки мегӯянд:“Солҳо мо ин қонунро надоштем, магар тарбия надоштем? Ба таври умумихалқӣ тайи ин солҳо дар байни сокинони кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтани қонун далел бар он аст, ки воқеан ҳам, эҳтиёҷ ба қонуни мазкур маҳз имрӯз, дар давраи ҷаҳонишавӣ зиёд аст, ба он хотир ки имрӯз, агар мо ба таълиму тарбияи фарзандонамон диққати ҷиддӣ надиҳем, онҳо аз фарҳангу маданияти аслӣ дур гашта, ҳувияти миллии худро аз даст хоҳанд дод.”
Албатта, маълум аст, ки оила, пеш аз хама, падару модар, дар ташаккул ва рушди маънавии кӯдак нақши асосиро мебозад. Чизеро, ки кӯдак дар давраи хурдсолӣ мебинад, дар зеҳнаш нақш баста, дар тамоми ҳаёт бо ӯ мемонад. Аҳамияти оила дар он зоҳир мегардад, ки кӯдак дар он қисми зиёди умри худро мегузаронад ва ҳамчун шахсият низ дар оила ташаккул меёбад. Аз ин лиҳоз, ягон институти тарбия ба оила баробар шуда наметавонад.
Чун таҳкурсии асосии шахсияти кӯдак дар оила гузошта шудааст, баъди қадамҳои нахустини худро ба остонаи мактаб гузоштан ва маҳз дар ҳамкории зичӣ падару модар бо мактаб, шаклгирии шахсият пурра, яъне мукаммал мегардад. Аз таҷриба ва мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар баъзе ҳолатҳо мо фаромӯш месозем, ки дар оила нафақат чун омили мусбӣ, балки омили манфии тарбия низ амал мекунад. Ин аз солим будан ё носолим будани оила вобаста аст. Тоҷикон мақоли хубе доранд: “Ҷанги хона аз бенонӣ аст”. Аз ин ҷо бар меояд, ки агар дар омили мусбии тарбия шахсони ба кӯдак ниҳоят азизу наздик падар, модар, бобо, бибӣ, хоҳару бародар нақши асосӣ бозанд, дар омили манфӣ низ ин нафарон нақш мебозанд, зеро ягон институти иҷтимоӣ ин нақшро иҷро карда наметавонад.
Педагоги машҳури рус А.С.Макаренко гуфта буд: “Фарзандони мо пирии мо ҳастанд, тарбияи дуруст-пирии хушбахтона, тарбияи нодуруст минбаъд аз обу ранҷ, ашк, ин гуноҳи мо дар назди дигарон аст”.
Боз ҳам бармегардем, ба сари он ки тарбияро аз кадом синну сол шурӯъ кардан лозим аст. Аз мутолиаи адабиётҳои хориҷа ба мо маълум гардид, ки пешрафти Ҷопон барин давлате, ки захира ва сарватҳои табиӣ надорад, дар он аст, ки онҳо дар такя ба нерӯи ақлона барои тарбия ва фарзанд тамоми дороиашонро нисор мекунанд. Вақте ки фарзандро ба мактаб медиҳанд, омӯзгор барояшон хеле шахси бузург аст, чизе, ки ӯ дар таълим ва тарбия пешниҳод кунад, аз рӯи он мебояд рафтор кард.
Дар мо чӣ? Мутаасиффона, дар мо имрӯз вақте ки ба волидон дар бораи ин ё он камбудии фарзандашон сӯҳбат мекунӣ, онҳо худро сафед мекунанд, ки фарзандашон хурд аст ва бо мурури замон ислоҳ мешавад, ё ин ки тарбияро комилан вазифаи мактаб медонанд. Вақт довари ҳақ аст. Ҳангоме ки падару модар аз камбудии фарзандашон чашм мепӯшанд, атрофиён низ дар бисёр мавридҳо худро бетараф мегиранд. Нодуруст аст, ки падару модарон мегӯянд: ”Хайр, ҳеҷ гап нашудааст, ҳоло вақт зиёд, баъд тарбияаш мекунам”. Тарбия-омиле мебошад, ки дар он лаҳзае танаффус кардан, ё онро ба соати дигар, рузи дигар мондан иштибоҳи бузург аст. Умуман, шахс чӣ гуна ба воя мерасад, нармдил, бадхашм, меҳнатдӯст ё коргурез, ҳамааш дар бисёр маврид аз падару модар вобаста аст.
Рӯи кор омадани қонун дар бораи “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маҳз ба он хотир буд, ки акнун дар тарбияи фарзанд сидқан бикӯшем, то саҳву хатоҳои доштаамонро сари вақт ислоҳ кунем. Бо ин роҳ ҳам фақру нодорӣ дар кишвар бартараф мегардад, ҳам сарватҳои табиии ҷумҳурӣ ба манфиати умум корбас мегарданд.
Юсупова Зарина Шарофитдинова
сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ .