Самараи истиқлол барои ҷавонон

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, ки доимо дар суханрониҳои Сарвари давлат ҷойи асосиро гирифтааст. Тибқи маълумоти оморӣ аксарияти аҳолии Тоҷикистонро имрўз ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо метавонанд  дар нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, саҳми худро гузоранд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ якчанд «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки он метавонад ба ҷаҳонбинӣ , сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ нақши муҳим гузорад.
Ҷавонон имрўз дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳилаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад.
Таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосир, таҳлил намудани техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мекунанд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ  ва тарзи ҳаёти солим фаъолона иштирок менамоянд.
Инчунин, барои омӯзиши илму донишҳои муосир кӯшиш намуда, ба забономӯзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани ҷойи намоён ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд.
Ҷавонони мо бо мақсади аз худ кардани ихтисосҳои замонавие, ки дар оянда барои манфиати иқтисоди миллии мо заруранд, дар мактабҳои олии кишварҳои гуногуни олам таҳсил карда истодаанд.
Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷи кишвар беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки он метавонад дар танзими сиёсати кадрии ба стандарти тараққиёт вобаста нақши худро гузорад.
Ҳамаи ин ба ақидаи Сарвари давлат маҳз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ буда, ҳамчун арзишмандтарин дастоварди миллӣ манфиатҳои ҷавононро бештар ҳимоя менамояд.
Дар марҳалаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷалби нерӯи ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ниҳоят муҳим буда, метавонад рақобати ҳамаи соҳаҳоро аз нигоҳи андешаи ба давру замон вобаста таъмин гардонида бошад.
Иштироки фаъоли ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ҳамеша барои устувор гардонидани рукнҳои давлатдории навин муҳим буда, он яке аз самтҳои муҳими татбиқи ҳадафҳои асосии давлатӣ дар шароити муосири рақобат ва ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти муваффақонаи ҷавононро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарохро боз намуд ва ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам овард.
Нерӯи созандаи ҷавонон имрӯз дар амнияти давлату ҷомеа ва дар дифоъ аз Ватан шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи матин нишон хоҳад дод.
Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз 87 фоизро ҷавонон ташкил намуда, онҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ору номуси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат мекунанд.
Таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро водор месозад, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонида, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.
Дар баробари ин, механизми татбиқи сиёсати давлатиро доир ба таъминоти кадрӣ аз ҳисоби ҷавонон ва занон такмил бахшида, барои ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ, корҳои роҳбарикунандаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ чораҳои иловагӣ андешидан зарур аст.
Тибқи  маълумоти оморӣ имрӯз дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд.
Шумораи занон дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 16 фоиз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 21 фоиз, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 21 фоиз мебошад, ки ин рақамҳо ҳанӯз фаъолияти низоми идоракунии давлатиро қонеъ намегардонад.
Бо ин мақсад зарурати дар солҳои минбаъда такмил бахшидани фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон пеш омадааст ва тақозо мегардад, ки ба тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавони фаъолу ташаббускор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, то ки онҳо тавассути курсҳои махсуси омӯзишӣ ва такмили ихтисос ба корҳои роҳбарикунанда омода карда шаванд.
Тибқи моддаи 41 – и Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурӣ ҳар шахс новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраҳо ҳуқуқи таҳсил карданро дорад.
Вобаста ба ин дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ яке аз зинаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аҳамияти баланди стратегӣ ва ҳаётӣ дорад.
Тоифаи асосии ҷомеа – зиёиён, ки рушду тараққиёт, амният, сулҳу ваҳдат ва мавқеи дилхоҳ давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ аз онҳо вобаста аст маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот камол меёбанд.
Донишгоҳи давлатии ҳуҳуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон яке аз ҳамон меваҳои ширини даврони талошҳои созандагӣ буд, ки дар радифи дигар муассисаҳои таҳсилоти олии навтаъсиси кишвар соли 1993 маҳз бо ибтикорот ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон ба хайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаълият доштанд, дар арсаи маориф арзи вуҷуд намуд ва аз ғамхориву дастгирии хукумату давлат файзёб гардид.
Барои ҷалби донишҷӯён ба тарзи ҳаёти солим, зебоипарастӣ, ва тарбияи онҳо дар рўҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва миллатҳои дигари дар донишгоҳ таҳсилкунанда, шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ ҳамасола нақша чорабиниҳои алоҳидаро таҳия намуда амали мегардонад. Тибқи ин нақша чорабиниҳо мусобиқаҳои варзишии вазнбардорӣ, давидан ба дарозӣ, футболи хурд, тениси рӯи миз, волейбол, маҳфили иттилоотӣ – фарҳангии «Худшиносии миллӣ», озмуни «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», «Махфили хозирчавобони шухтабъ (КВН)–и донишгох» ва ғайраҳо гузаронида мешаванд. Ҷиҳати баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва қобилияти роҳбарии донишҷӯён дар донишгоҳ маҳфили «Парлумони ҷавонон» фаъолият менамояд, ки донишҷӯёни зиёдеро муттаҳид намудааст. Ғайр аз ин дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ махфилҳои доимоамалкунандаи гуногуни фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ ва эҷодии донишҷӯён бо номҳои гуногун фаъолият менамоянд. Сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ маҳз ба воситаи гузаронидани чунин чорабиниҳо ва фаъолияти маҳфилҳое, ки дар боло зикрашон рафт тадбиқ мегардад.
Аз ин бар меояд, ки барои тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ заминаи боэътимод мавҷуд аст.
Дар ҳақиқат ҷавонон нерўи пешбарандаи ҷомеа буда, имсол бо эълон кардани Соли ҷавонон аз тарафи Пешвои миллат мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю кўшиши ҷадид ҳар як ҷавон албатта саҳми худро дар амалишавии ҳадафҳои имрўза ва ояндаи ҷомеа мегузорад ва хоҳад гузошт. Бахусус ҷавонони ДДҲБСТ дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта ба ин мақсадҳо ноил хоҳанд гузошт.

Бурҳонов И.Б., Азизова Н.Х.

                                                    устодони ДДҲБСТ

You might also like