Имконияту шароитҳои мусоид

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ демографияи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз мамлакатҳое, ба ҳисоб меравад, ки қисми зиёди мардуми кишвар аз ҳисоби ҷавонон мебошад. Яъне мамлакати ҷавонон гӯем хато намекунем. Беҳуда Сарвари давлат соли 2017 – “Соли ҷавонон” – эълон карда буданд. Ҳукумати мамлакат таваҷҷӯҳи асосиро ба ҷавонон равона сохтааст.

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҷавонон фаъолияти пурсамар бурда истодаанд. Вазифаҳои роҳбарикунанда низ аз ҳисоби ҷавонон рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Ҷавонони болаёқат зери таваҷӯҳи ҳукумат қарор доранд.

Тамоми шароитро барои ҷавонон, алалхусус ҷавонони бомаърифат имрӯз мо муҳайё мебинем. Китобхонаҳо, толорҳои варзиши дари худро барои ҷавонон боз кардааст.

Аз паёми охирони Пешвои миллат  эълон гардидани солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз фоли неке мебошад барои боз ҳам рушд ва такамулли соҳаи илм ва маориф ба шумор меравад.

Инчунин ташкил ва баргузории олимпиадаҳои ноҳиявию шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ яке аз аз омилҳои пешравӣ ва ба сатҳи ҷаҳонишавӣ расидани ҷавонон мебошад.

Аз рӯи се самт ташкили озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ” мисоли ғамхори падаронаи Пешвои миллат мебошад. Барои расидан ба худшиносӣ ва худогоҳи миллӣ аз тарафи фонди захиравии Президенти кишвар то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони мардуми кишвар ҳадя кардани китоби безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ин як иқдоми бузург аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мо омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри боз ҳам барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарастӣ кӯшиш ва ғайрати дучанд намоем.

Саломов С.Б. – сармуаллими кафедраи

иқтисоди ҷаҳонӣ ДДҲБСТ

You might also like