Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар давраи истиқлолияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо дар назар доштани дастовардҳои нави ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад. Дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст парламенти думаҷлиса ба фаъолият шурӯъ намуд. Мақомоти иҷроия ва судӣ, инчунин сохтори иқтисодии кишвар такмил дода шуда, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар андешаҳои демократӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ки айни замон ба шароиту талаботи дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Дар давоми марҳилаи истиқлолияти миллӣ Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ба марҳилаи сифатан нав, ба монанди банақшагирии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, гузаронидани экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаҳои қонунҳоро ворид намуд. Дар баробари қабул гардидани шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар ва эътироф гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин дар ин давра як қатор консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул карда шуданд, ки ба ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Дар натиҷа корҳо оид ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои муайян, аз ҷумла қонунгузории конститутсионӣ, маданӣ, соҳибкорӣ, молиявӣ, бонкӣ, гумрук, андоз, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ, истеҳсолоти иҷро ва ғайра густариш пайдо намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дигаргуниҳои бунёдии дар раванди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ бавуқӯъомада, инчунин вусъат ёфтани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, иштироки фаъолонаи он дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, таъсиси субъектҳои муштараки хоҷагидорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зарурати барқарор намудани иқтисодиёт пас аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, такмили фаъолияти давлатро дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ баҳри мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи нави рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза, тақозо менамояд. Ҳамзамон, дар ин давра Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар асоси он шаш барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самту соҳаҳои гуногун таҳия ва тасдиқ карда шуданд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки дар давоми 35 соли истиқлоли миллӣ рукнҳои давлатдории муосири Тоҷикистон хеле таҳкиму такмил ёфтанд ва барои торафт мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар мунтазам мусоидат менамоянд. Бинобар ин, ислоҳоти гузаронидашудаи ҳуқуқӣ ба такмили минбаъдаи демократикунонии институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад кард.
Очилова Фирӯза Аюбовна-
н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ