Террористони гумроҳ

Терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои номатлуби ҷахони имруза мебошад. Ин муаммо тамоми аҳли башарро бетараф намегузорад. Чунки амалҳои террористӣ ба тамоми олам хатар дорад. Ин раадҳои номатлуб инсонятро огоҳ месозад, ки бар зидди он якҷоя мубориза баранд.

Воқеаи нохуше, ки шаби 6 –уми ноябри соли ҷорӣ дар дидбонгоҳи марзии №4 «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ба амал омад ягон инсони равшанфикрро бетараф намегузорад. Ин амали номатлуб аз ҷониби ташкилоти террористии ДИИШ пешакӣ таҳрезӣ шуда буд, аммо хушбахтона ҳушёриву ҷасорати ҷавонмардони қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нопоки террористонро нагузошт, ки ба орзуяшон расанд. Бояд иброз намуд, ки 15 террорист дар натиҷа безарар гардонида шуда, 5 -нафари онҳо дастгир шуданд, ки дар байни онҳо ду нафар мард ва 3-нафар зан буданд. Ин воқеа шоҳиди он аст, ки террористон ва экстримистон миллат, Ватан, мазҳаб ва ҷинсият надоранд. Бинобар ин ҷавонон ва шаҳрвандони ҷумҳурии азизамонро лозим аст, ки   ҳушёрии сиёсиро  аз даст надода, доимо дар ҳифзи ватани азиз омода бошанд ва андешаҳои ифротгароиро роҳ надиханд.

Дар замони муосир, ки дари илму маърифат барои тамоми инсоният боз шудааст, моро лозим аст,  донишу маърифати худро баланд бардорем. Ҳамаи амалҳои номатлуб маҳсули таффакури пуч ва бебунёди афроде аст, ки пойбанди ҷаҳлу таассуб гардида ҳаёти худ ва дигаронро дар ҳатар мегузоранд. Мо аз ин амалҳо ва воқеаҳои нохуш ба хулосае омадем, ки танҳо сулҳу ваҳдат ва илму маърифат моро наҷот мебахшад.

Моро зарур аст, ки барои маҳкум сохтани чунин амалҳои ДИИШ, ки хатар ба ҷомеаи инсонӣ, аз ҷумла Тоҷикистони азиз мебошад, ҳарчӣ бештар ҳушёр ва зирак бошем ва барои оромию осудагии халқ тарбияи ҷавононро ба роҳ монем.

Изҳороти Турдиматова П.М. – сармуаллими

 кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like