Терроризм ва экстремизм хатари глобалӣ

Солҳои охир мафҳуми озоди, озод будан, озодпарастӣ ва ғайра ғояҳо дар ақидаи мардум ҷой гирифтааст. Зери шиори озодиву озодихоҳи ҳастанд афроди номатлубе, ки бо ҳар гуна хоҳишҳои ҳавояки тамасхури мекунанд ва аз худ қаҳрамон месозанд. Бо як назари сатҳи ба вазъи умумии фаъолияти гурӯҳҳои ифроти ва пуштибонӣ пайдо намудани онхо аз ҷониби кудратҳои мухталиф метавон ба чунин хулоса расид, ки сарпарастони террору даҳшатафкани метавонанд дар натиҷаи ноором сохтани дилхоҳ кишвар ба манофеи зер бирасанд: заминаи мусоиди истеҳсолу коркарди маводи нашъаовар, пайдо намудани мизоҷ ба аслиҳаву яроқ ва дигар лавозимоти ҷангӣ, ба даст овардани боигари ва захираҳои зеризаминии ин ё он мамолики бо терроризм дар ҳоли бархурд карордошта, зиёд намудани қувваи кори аз ҳисоби муҳочирони иҷбори ва билохира ниёзманд гардонидани ин ё он кишвар ба дастгириву кумак.

Кабирӣ низ яке аз чунин ифродгароёне, буд ки бо ақидаҳои нокорааш фиребои кунад ва роҳи мазлумонаро пеш гирад. Аммо тақдири афротгароёну нафарони бо роҳҳои фанду фиреб шомили чунин созмонхои тундгарошуда чи мешавад? Пасух ба хамагон якин аст. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҷумла таъкид намуданд, ки; «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ  табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремисти ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилали, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонхои экстремистиву террористи ва иштироки онҳо дар низоъхои мусаллахонаи давлатхои хориҷи мусоидат менамояд. Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар ҷахон чи вокеаҳо ҳаст. Дар мубориза алайҳи терроризм ва эксремизм бояд аз сиёсати духура даст кашид. Бо ин вабои аср бози кардан лозим нест».

Воқеан ҳам гумон меравад, имрӯзҳо қувваҳову абаркудратоне, ки аз фаъолияти ваҳшиёнаи гуруҳҳои террористи манфиат мебаранд, шояд хатар ва таҳдиди ин вабои замонро содда ва кучак эҳсос намуда, бо он дар холи бози карор гирифтаанд. Аммо соҳибназарон бар онанд, ки тибқи таҷрибаҳо дар оянда таъсири аз ҳама зиёди паёмадҳои экстремизму терроризм маҳз ба моликону сарпарстони онҳо хоҳад расид.

Ва дар охир гуфтаниям, ки ҷуръат ва ҷасорат хоси инсони озоде ҳаст, ки ҷуръат мекунад барои ободии ватан ҷасорат мекунад барои ҳимояи марзу буми ватан. Кабирӣ ҷуръат ва озодӣ надорад.

Баҳриддинов Ҳ.Б. – ассистенти кафедраи

технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

You might also like