Хиёнат ба сулҳу оштӣ

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ, оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати ислом дар солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида намудаем.

Имрўз Ҳукумати Тоҷикистони бо сарварии фарзанди миллатдӯст Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳу ваҳдат ва таъмин сохтани амну суботи ҷомеа бо сарвари ҳизби наҳзати ислом созишномаи сулҳ баста, вале дар асл дар сохтори сиёсӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ мақоми муайян касб кардани ҳизби мазкур ҳам ба низоми давлатдории миллӣ ва ҳам дунявӣ ихтилоф дошт ва ҳатто аз нигоҳи он таҷрибаи талхи таърихие, ки тоҷикон аз сар кардаанд, як андоза такрори иштибоҳҳои пешин буд, вале иштибоҳи бошуурона ва ногузир ба хотири сулҳу ваҳдат ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ.

Далели ихтилоф доштани роҳбари ҳизби наҳзати ислом
Кабирӣ ба низоми давлатдории миллӣ дар он аст, ки дар оинномаи он, ҳизби мазкур на дар асоси андешаи миллӣ, балки дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтааст ва танҳо дар партави андешаи сиёсии исломӣ фаъолият мекунад. Ба ҳамаи онҳое, ки аз диншиносӣ ва исломшиносии илмӣ бархӯрдоранд,  дар ақидаи исломӣ на миллат ва давлати миллӣ, балки уммат (умумияти динӣ ва хилофат) ҷой дорад Кабирӣ дар сиёсати худ ҷорӣ кардааст.

Бинобарон Кабирӣ ҳамчун роҳбари хиёнаткори давлат аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надорад, сирф хусусияти исломи сиёсиро рушд доданист, ки  имрӯз чунин роҳбари ифротӣ ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил дода истодааст.

Далели ба давлатдории дунявӣ ихтилоф доштани Кабирӣ дар он ифода меёбад, ки дар низоми давлатдории дунявӣ ҳеҷ гуна дин ба ҳайси дини расмӣ пазируфта намешавад ва ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд. Ошӯби наҳзатиён бо сардории Кабирӣ ва ҳамаслакони ў дар шаби 4-уми сентябри соли 2015 намунаи равшани ҷузъе аз ҳамин пайванди дину сиёсат дар мисоли фаъолияти расмии ҲНИ дар сохторҳои давлатӣ мебошад, ки ба низоми давлатдории дунявӣ зид аст.

Чуноне ки дар низоми давлатдории дунявӣ ягон дин ба сифати дини расмӣ пазируфта намешавад, ба ҳамин тартиб низоми мазкур ба ҳеҷ гуна ҳизби сиёсии хусусияти динидошта низ ниёзе надорад. Давлати миллии тоҷикон ниёз ба ҳизби миллие дорад, ки ормонҳои садсолаҳо дар андешааш парваридаро пиёда созад, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллии худро ҳифз намояд.

Шарипова Ш. – сармуаллимаи

кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like