Сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо

Мулоҳизот дар ҳошияи мусоҳибаи фачу подарҳаво ва зиёновари назҳатӣ ба гузориши Назарзода Носир Ҷобир: «Барзагове дар хам-хами Файзобод». Чуноне, ки аз сўҳбати ба истилоҳ «сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо» бармеояд, онҳо дар мавриди тафсири қавонини интихоботӣ, дар бораи муборизаи сиёсӣ дар Парлумон, нақши «аслии» муҳоҷир дар фазои сиёсӣ ва интихоботӣ дону нодон суханони сатҳиву ғаразноку аз воқият дур ақидаронӣ кардаанд.

Маълум мешавад, ки пасмондагони  мухолифини тоҷик боз аз минбари маъракаи сиёсии интихоботи парламентии Тоҷикистон сўистифода карда, муҳоҷирони меҳнатиро ба «муборизаҳои сиёсии» ғаразноку ҳадафноки худ сафарбар кардан мехоҳанд. Барҳақ, бе иддаои онҳо ҳам насли ҷавони  муҳоҷири тоҷик ҳаққи иштирок дар маъаракаи сиёсии кишварро доранд. Гап дар сари он аст, ки онҳо аз камсаводию ноогоҳии муҳоҷирони ҷавон истифода бурда, онҳоро ба банди гурўҳҳои тундраву радикали динию мазҳабӣ афтонда, ба хидматкори созмонҳои террористию экстремистӣ табдил додан мехоҳанд.

Ҳар муҳоҷире, ки ба доми онҳо афтад, чун бозича дастобадаст мешавад. Гурўҳҳои манфиатхоҳ ва созмонҳои зиддимиллӣ муҳоҷиронро ба худ ҷазб карда, ба гирдоби моҷароҳои сиёсӣ мекашанд. Муҳоҷирони ҷавон бояд хуб бидонанд, ки доираҳои махсуси хориҷӣ бо барномаҳои вижаи мағзшўӣ  ҷавононро роҳандозӣ намуда, бо зеҳниёти онҳо бозӣ мекунанд. Доираҳои сиёсии наҳзатӣ бо истифода аз политтехнологияи махсус, яъне сафарбар кардани неруи ҷавонон роҳ пеш гирифта, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ карданиянд.

Бояд таъкид намоем, ки дар Тоҷикистон интихобот комилан озод аст ва ҳар як ҷавон ҳуқуқи иштирок ба онро дошта,  ба  аъзогии парламент номзади сазовору беҳтаринро интихоб карда метавонад.

Ёқубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like