Доир ба роҳҳои муқовимат ба паҳншавии экстремизм

Омиле, ки дар замони муосир ба амнияти миллии кишвар таҳдиду хатари воқеӣ эҷод мекунад, терроризм ва экстремизми сиёсиву динӣ мебошад. Зеро ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта дар минтақаҳои ҷудогона, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хуруҷ карда истодаанд, боиси таҳдиди ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият, ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўроварӣ алоқаманд аст, паст задани шаъни миллӣ; ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурўҳи иҷтимоӣ, ташвиқоти ягона будан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо, даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои  амалҳои номбаршуда, маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кўмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ барои амалӣ  шудани ин фаъолиятоварда мерасонад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳо ба чорабиниҳои муқовимат ба экстремизм диққати махсус дода мешавад.

Бартараф ва пешгирӣ намудани экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» таҳти мафҳуми ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие фаҳмида мешавад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонунӣ даромадааст. Бинобар он, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд гурўҳҳо ё ташкилотҳо фаъолияти экстремистӣ ва ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шудааст, ба монанди:

  1. 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир».
  2. 30 марти соли 2006 ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шудааст: «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ харакати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ – миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод».
  1. 11 марти соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф карда шудааст.
  2. 8 январи соли 2009 равияи динии «Салафия».
  3. 3 майи соли 2012 Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шудааст.
  4. 9 октябри соли 2014 Кумитаи 24 ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шудааст.
  5. 30 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати Ислом ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ҷумҳурӣ ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта аз 121 адад ҷинояти дар соли 2012 – ум ошкор гардида, 71 адад  нисбати 72 нафар ё худ 58,6%, аз 150 адад ҷинояти дар соли 2013 буда, 90 ҷиноят нисбати 69 нафар ё худ 60%  ва аз 61 ҷинояти дар семоҳаи якуми соли 2014 –ум ба қайд гирифта шуда 32 ҷиноят нисбати 18 нафар ё худ 52,4% – и он ба вилояти Суғд рост меояд. Аксари ҷиноятҳо оид ба экстремизм ва терроризм аз тарафи аъзоёни иттиҳодҳои (ташкилотҳои) фаъолияташон бо ҳалномаҳои Суди Олӣ манъ карда, аз ҷумла “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизби исломии Туркистон” ва Ҷамоати “Ансоруллоҳ” содир шудаанд.

Тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

а) ташкил кардан, ба қайд гирифтан ва фаъолият намудани ташкилотҳои экстремистӣ ва ё ташкилотҳое, ки барои амалӣ шудани экстремизм мусоидат мекунанд;

б) фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла паҳн кардани маводҳои экстремистӣ;

в) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ё ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд;

г) додани ҳуҷҷат барои истиқомат кардан ба шахсоне, ки  дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

д) ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

е) гузаронидани митингҳо, намоишҳо, раҳпаймоиҳо ва ё дигар баромадҳои оммавӣ, ки хилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ахмедов Н.И.- устоди ДДҲБСТ

You might also like